Аёдати дар Иди Қурбон

 1 528 боздид

Дар арафаи Иди Қурбон роҳбарияти ноҳия иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзмандро аёдат кард ва кӯмаки яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштро тақдим намуд.

Кормандони МИҲД-и ноҳияи Ашт ба хонаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Азимов Исматулло ташриф оварда, бо вазъи саломатӣ ва зиндагии мавсуф аз наздик шинос гардид. Ҳамзамон Азимов Исматуллоро ба Иди Қурбон таҳният намуда, дарозумрӣ ва саодати зиндагиро таманно кард.

Азимов Исматулло соли 1925 дар маҳаллаи Бураки  ҷамоати деҳоти Понғози н. Ашт ба дунё омада, аз соли 1943 то 1945 барои ҳимояи марзу буми Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Ин марди шуҷо ба синни 93-солагӣ расидааст ва ҳоло бошад дар иҳотаи фарзандонаш давлати пирӣ меронад.

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба оилаҳои ниёзманд, собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни ҶБВ маводи яквақтаинаи ғизоӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.