Бо ташаббуси як гурӯҳ соҳибкорону саховатмандон аз пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе бахшида ба иди Саиди Фитр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон барои дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон, беморону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоаттарин ва қишри ниёзманди ҷомеа маводҳои ниёзи аввалияи рӯзгор аз қабили 20кг орд, 5кг шакар, 3л равған, 10кг макарон, 5кг биринҷ ва 10кг картошка мебошад, ҷудо карда шудааст.
Ҳамчунин аз ин иқдоми соҳибкорон барои 32 оилаҳои ниёзманди ҷомеаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ашт низ маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд.
Субҳи имруз, санаи 12 майи соли равон, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳои озуқаворӣ ба шахсони зикргардида, супорида шуданд.
