АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ АҚИБГОҲУ МЕҲНАТ

 686 боздид

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба онҳое, ки солҳои ҶБВ чӣ дар майдони ҷанг ва чӣ дар ақибгоҳ барои ба даст овардани Ғалаба бар фашизм ҷонфидоӣ кардаанд, на танҳо вазифа, балки рисолати муқаддас аст. Онҳо барои имрӯзи хушбахтонаву ҳаёти осоишта, аз даст надодани ҳар пора хоки Ватан ҷасурона ҷангидаанд.

Тибқи супориши Раиси ноҳияи Ашт  дар арафаи Иди Артиши миллӣ ва 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чанд тан аз собиқадорони ақибгоҳу меҳнати ноҳия— Комилова Бозорҷон ва Шодиева Бозорҷон—истиқоматкунандагони шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ заҳмати беандоза кашидаанд ва барои таъмини фарзандони ҷонфидои Ватан меҳнат кардаанд, аз ҷониби Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия (Мамадҷонов З.),  бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия (О.Каримӣ), шуъбаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона (Самиев К.) аёдат карда шуданд.

—Он ҷанги хонумонсӯзе, ки ҷони ҷавони ҳазорону ҳазорон ҷавонони моро ба доми худ кашид, он рӯзҳои даҳшатборе, ки мардум паси сар намуд, дигар ҳеҷ гоҳ рӯй надиҳад. Бигузор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша тинҷу ором бошад,—даст ба дуо бардоштанд пирони барнодил. —Аз имрӯзи ободу тинҷ, аз сарвари хирадпеша, аз дастархони пур аз нозу неъмат шукр бояд кард!

Ҳамчунин аёдаткунандагон ба дидору суҳбати собиқадорони меҳнат аз ш.Шайдон—Ӯрмонова Зулфия ва аз деҳаи Даҳанаи ҷ.ш. Шайдон Эшонқулова Ҷаннатой расиданд. Зулфия Ӯрмонова зани ҳунарманд то ҳол машғули эҷод аст, вақташро беҳуда сарф намекунад.   Яъне бо дӯхтани кӯрпаву кӯрпачаҳои қадимӣ расму таомули аҷдодонро идома медиҳад.

Хушбахтона, ин занони мардниҳоду меҳнатдӯст  имрӯз  бо мо ҳастанду барои амнияти Тоҷикистони азиз ва дастархони пур аз неъмати мардум пайваста даст ба дуо мебардоранд. Будани онҳо давлат аст, чун бо дуои неку насиҳатҳои роҳнамо зиндагиро нур мебахшанд. Таърихи зиндаанд, ки бо нақлҳои худ саҳифаҳои таърихро барои мову шумо, барои наслҳои оянда варақгардон мекунанд. Намегузоранд, ки мо таъриху фарҳанги ғанӣ, расму одатҳои тоҷикона, меҳру муҳаббати байниҳамдигариро фаромӯш кунем.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.