Дар арафаи таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо чанд тан аз сокини ноҳияро аёдат намуд.
Нахуст, Зариф Мирдадо ба хонаи сокини 88-солаи деҳаи Ғудоси ҷамоати деҳоти Ошоба Наинова Очанисоро ташриф оварда ӯро ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ шодбош намуд.
Зимни аёдати сокинон Зариф Мирдадо иброз дошт: “Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Анъана гардидааст, ки дар арафаи ҷашну маросимҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ сокинони ноҳия аёдат карда шуда ба онҳо кӯмаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида шавад”.
Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз якчанд сокини ноҳия аёдат карда шуда ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Саодат ИСМОИЛӢ