Нимаи дуюми имрӯз ба 5 нафар занони собиқадори меҳнат, ки дар таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ободонии кишвари азизамон саҳми босазо доранд, бахшида ба истиқболи Рӯзи Модар туҳфаи и.в. Раиси вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар баробари тақдими туҳфа, инчунин Паёми табрикии и.в. Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи модарро ба самъашон расониданд.
Мавриди зикр аст, ки зимни таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон ва шахсони ниёзманд аёдат карда мешаванд.