Аз ноҳияи Ашт 5000 тонна зардолуи тар содирот мешавад

 207 боздид
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварӣ ва содироти зардолу шинос гардид.
Дар ноҳияи Ашт, ки аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ ба ҳисоб меравад, 20 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз ин миқдор 570 гектари он зардолуи пешпазак буда, айни замон чиниш ва содироти маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Тибқи иттилои масъулин боғдорон тасмим доранд, ки 5000 тонна зардолуи пешпазакро ба Россия ва Қазоқистон содирот намоянд.
Тавре маълумот дода шуд, ҳамарӯза беш аз 10 мошини калони боркаш вориди ноҳия шуда, маҳсулотро интиқол медиҳанд. Нархи як килограм зардолу дар сари замин 8 сомонӣ аст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои осон намудани раванди содироти маҳсулот равзанаи ягонаи амалиёти содиротӣ, назорат ва барасмиятдарории маҳсулоти содиротшаванда таъсис дода шудааст.
Раиси вилоят иброз дошт, ки соли равон ҳосили зардолу хуб аст ва барои ҷамъовариву содироти маҳсулот бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. Зеро талабот ба меваҳои шаҳдбори кишвари офтобии мо дар хориҷ хело зиёд аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.