Ба дастаи голиб — «Мерседес-116»

 470 боздид

Имрӯз, 30 март дар майдончаи варзишии ҷамоати деҳоти Ошоба бахшида ба Соли ҷавонон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол оғоз гардид, ки дар он 16 дастаи варзишгарон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияҳои Ашт,  Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истиқлол иштирок доранд.

Дар мусобиқа раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ширкат варзида ба варзишгарон барору комёбӣ таманно намуд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ доир шуда, дар охир ба дастаи ғолиб автомобили сабукрави тамғаи “Мерседес-116” тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Ошоба бо дастгирии МИҲД-и ноҳия ва ҷавонон ду майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаи волейбол сохта, ба истифода дода шудааст.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *