Ба ғолибони озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» 431 200 сомонӣ мукофтпулиҳо тақдим шуд

 545 боздид

Имрӯз, дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» баргузор ва ба ғолибони озмун 431 200 сомонӣ мукофтпулиҳо тақдим гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, гузаронида шуд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кулли соҳибкорони мамлакат мақом ва нақши назарраси ҳар яки онҳоро дар ободониву шукуфоии Тоҷикистони азиз арзёбӣ карда, дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ – 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» махсус таъкид доштанд, ки “Ман ба қобилияти соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот итминон дорам ва бори дигар изҳор менамоям, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад”.

Дар ҳақиқат саҳми назарраси соҳибкорони бо нангу номуси вилоятро мо ҳамеша дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мушоҳида мекунем, зеро ҳамасола аз ҷониби онҳо корхонаҳои саноатӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна ва ғайра сохта ба истифода дода мешаванд, — иброз дошт Раиси вилоят.

Раиси вилоят ҳамчунин саҳми соҳибкоронро дар бунёди корхонаҳои саноатӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонии соҳаи савдо, бунёди мактабҳо ва дигар муассисаҳои хусусӣ дар соҳаи маориф, ташаккули сектори хусусии соҳаи тандурустӣ, татбиқи технологияҳои навини инноватсионӣ, тарғиб ва афзун гардонидани хайру эҳсон нисбат ба ниёзмандон назаррас арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд давоми моҳҳои апрел-декабри соли равон аз рӯи 8 самт — “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи истеҳсолоти агросаноатӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи татбиқи технологияҳои инноватсионӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи маориф”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи таъмини сиҳатии аҳолӣ ва тандурустӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия” ва “Соҳибкори беҳтарини сол дар самти саховатмандӣ ва эҳсонкорӣ” ва 42 номгӯй ҷараён гирифта, беҳтаринҳо муайян шуданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 42 нафар ғолибони озмуни вилоятӣ дар маҷмӯъ 431 200 сомонӣ мукофтпулиҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.