Ба ноҳияи Ашт ва 6 навоҳии пахтакор автомашинаи хизматӣ супорида шуд

 1 015 боздид

Ба навоҳии пахтакор 7 автомашинаи хизматӣ супорида шу

10 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти маъракаи пахтасупорӣ ва қадршиносии кишоварзони навоҳии пахтакор баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзод, раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.

Раиси вилоят зимни суханронӣ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила, афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта буданд.

Дар асоси нақша соли равон дар вилоят дар масоҳати 57159 гектар кишти пунбадона бо истифода аз тухмиҳои босифат гузаронида шуд, ки назар ба соли 2021-ум 7 ҳазору 964 гектар зиёд мебошад.

Дар мавсими кишту кор олимон, кишоварзону механизаторон ҷиҳати ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахта, ки ашёи стратегӣ ба ҳисоб меравад, тамоми чорабиниҳои агротехникиро ба роҳ монданд.

Дар вилоят соли равон истеҳсоли 133 ҳазору 800 тонна пахта ба нақша гирифта шуда буд ва боиси сарфарозист, ки пахтакорони вилоят аз ӯҳдаи иҷрои дурнамо бо сарбаландӣ баромаданд ва нақшаи солона 100,1 фоиз иҷро гардид.

Дар мавсими ғунучини ҳосил ва оростани хирмани бошукӯҳи «тиллои сафед» саҳми шаҳру ноҳияҳои пахтакор, бахусус ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов назаррас буда, аз фатҳи марра муҷдаи зафар расонданд.

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил қарори Раиси вилоят аз 18 августи соли 2022, №317 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2022» ба тасвиб расида, тибқи он мусобиқаҳои меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор эълон ва барои қадршиносии пешқадамон аз ҳисоби буҷети вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуд.

Натиҷаҳои мусобиқаҳои меҳнатӣ дар 2 давра ҷамъбаст гардида, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои ғолиб, инчунин хоҷагиҳои деҳқонии беҳтарин, механизаторони пешқадаму чинакчиёни чобукдаст бо мукофотпулию тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои судманд, ҳавасмандии пахтакорону чинакчиён баланд гардида, давоми мавсими ҷамъоварии ҳосил, хоҷагиҳои пахтакори ҷамоатҳои деҳоти Ашт ва Ошобаи ноҳияи Ашт, Зафаробод ва ба номи Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод, Хистеварз ва Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Патар ва Куҳандиёри шаҳри Конибодом, Ҳаёти нав ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Истиқлол ва Тағояки ноҳияи Спитамен ва Оббурдону Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ дар оростани хирмани пурбор саҳми назаррас гузоштанд.

Ҳамчунин, корхонаҳои пахтатозакунии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» ва «Хизир назар»-и ноҳияи Ашт, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Зафаробод Инвест» ва «Дастаи сайёри механикунонӣ»-и ноҳияи Зафаробод, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шамс 777» ва «Хуҷанд агро»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Органик ян»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ориёӣ» ва «Асади Конибодом»-и шаҳри Конибодом, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» ва «Деҳқон»-и ноҳияи Спитамен, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шариф Асад» ва «Музаффар и компания»-и ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати сари вақт ва бо сифат қабул кардани пахтаи ҳосили имсола тадбирҳои зарурӣ андешида, дар самти парвариш ва истеҳсоли пахта бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориҳои муфидро ба роҳ монда, пахтакоронро ҳаматарафа дастгирӣ намуданд.

Дар баробари ин, номи чинакчиён — Мавлуда Ғаниева аз ноҳияи Ашт, Санобар Иброҳимова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зуҳро Нарзуллоева аз ноҳияи Зафаробод, Муҳайё Расулова аз шаҳри Конибодом, Зебуниссо Саидаҳмедова аз ноҳияи Мастчоҳ, Маҳлиё Бобоева аз ноҳияи Спитамен, Азиза Орипова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳазорҳо нафарони дигарро бо ифтихор метавон ба забон овард, ки онҳо бо азму талош ва заҳмати шабонарӯзии хеш хоҷагиҳоро ба марраи мурод расонданд.

-Баробари ин, дар ин лаҳзаҳои сурурбахш барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта, ба кишоварзон, пахтакорон, оброну механизаторон, кормандони корхонаҳои пахтатозакунӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон, кулли ёрдамчиёни корхонаю ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ миннатдории самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён менамоям,- иброз дошт роҳбари вилоят.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба навоҳии пахтакори вилоят- Ашт, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Конибодом, Зафаробод 7 автомашинаи хизматӣ супорида шуд.

Ба чинакчиёну механизаторон, корхонаҳои коркарди пахта туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.