БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ АШТ!

 368 боздид

Ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳияи Ашт, сардорони корхонаву муассисаҳо мерасонем, ки дар маркази ноҳияи Ашт—шаҳраки Шайдон ду нуқтаи фурӯши маҳлули хлор таъсис дода шуд.
Ин иқдом бо дастгирии МИҲД-и ноҳияи Ашт ва соҳибкори ноҳияамон—сардори ҶДММ “Хизир-Назар” Қаҳрамон Ҳамроқулов рӯйи кор омад.
Нуқтаи аввал дар бинои собиқ дорухонае, ки рӯ ба рӯйи бонки “Эсхата” ҷойгир шудааст ва нуқтаи дуюм дар Маркази савдои соҳибкор Муҳиддин Исоқов ташкил шудааст.
Тибқи иттилои соҳибкор Манучеҳр Абулқосимов айни замон наздики 10 тонна маҳлул оварда шудааст, ки маҳлули хлори 25%-а—22 сомонӣ ва 45%-а—25 сомонӣ арзиш дорад. Имрӯз наздики як тонна маҳлул ба ҷамоати деҳоти Ашт дастрас карда шуд.
Муовини Раиси ноҳияи Ашт Ҷамшед Маҳмудзода гуфт, тасмим гирифтаанд, чунин нуқтаҳоро дар марказҳои 8 ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ таъсис диҳанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.