Ба театр бо кӯдак?

 90 боздид

Халқи тоҷикро аз қадим чун афроди бофарҳангу соҳибфазилат мешинохтанду эътироф мекарданд.  Дар ҳама давру замон мардуми соҳибфазл сарфи назар аз шароити замона дониш меандӯхтанду дар ҷустуҷӯйи илм ба сафар мебаромаданд. Нағз медонистанд, ки инсони мусаллаҳ бо илму маърифат дорои фарҳанги ғанӣ хоҳад гашт ва нони ҳалол хоҳад ёфт. Имрӯз низ ин анъанаи нек идома дораду ҷавонони мо пайи азхудкунии илмҳои муосир камар баста. Аммо…

Бо вуҷуди ҳама пешрафти илму фарҳанг ҳастанд афроде, ки ба қавле, дур аз  кӯчаи одобанду маданият.

Вақте Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-2017» дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов баргузор гардид, ба ин ақида боварӣ ҳосил намудам. Сароғоз муовини раиси ноҳия А.Ҷалилӣ меҳмонони аз Душанбешаҳру вилояти Суғд омадаро хуш омадед мегуфту садои гиряи кӯдак аз толор баланд гардид. Ҳама ҷониби садо нигаристанд. Ҷавонзане бо хиҷолат кӯдаки гирёнашро ба бағалаш зер мекард, вале садо баръакс баланд мешуд. Назоратчиёни театр зуд ба ӯ роҳнамоӣ карданд, то оҳиста бо кӯдакаш ба берун барояд. То берун шудани модару кӯдак аз театр ҳама диққати тамошобинон  он сӯ равона буд.

Барномаи фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузашт. Ҳамаро ҳунари аҳли ҳунари ноҳия мафтун сохт. Дар интиҳо аъзоёни ҳакамон ба саҳна баромаданд, то баҳои аҳли ҳунарро бозгӯ созанд. Аммо…

Боз садои гиряи кӯдак диққати тамошобинонро сӯйи худ кашид. Ин дафъа ҷавонзани сабзинаи тахминан 20-22-солаеро бо кӯдаки гирёнаш ба берун бароварданд. Дар саҳнабудагон боз диққати ҳозирин сӯйи худ кашиданд.

Чунин ҳодисаҳоро дар Театр хеле зиёд дучор омадан мумкин аст. Бахусус дар барномаҳои консертии ҳофизон. Модарони ҷавон ҳатто бо 3 ва 4 кӯдак низ вориди театр мегарданд. Кӯдакони худро барои рақс назди овозхон роҳӣ месозанд. Оҳиста-оҳиста ҳофиз байни издиҳоми «раққосон» мемонад. Пас, куҷост маданияту фарҳанг? Магар дигар модароне, ки бе кӯдак ба театр омадаанд, онҳо кӯдак надоранд?

Ё чунин «рақс»-ҳоро дар тӯйҳои арӯсию домодӣ низ метавон мушоҳида намуд. Ва на танҳо кӯдакон, балки бархе бонувони моро кулоҳи маданият аз сар фарсахҳо дур афтодаву онҳо ҳангоми суханронии садри базм ва ё ашхоси дигар умуман ба сухани гӯянда гӯш намекунанд. Баръакс, «суҳбати гарм»-и хеш идома медиҳанд. Гӯё онҳо на дар тӯю чорабинии фарҳангӣ, балки дар хонаи ҳамсоя бошанд. Ҳангоми ба саҳна баромадани овозхон  чунон «ҳунар»-и хеш назди ҳофиз нишон медиҳанд, ки аз гирифтани исми бонуи тоҷик шарми кас меояд. Агар бонувони мо чунинанд, аз онҳо чӣ гуна фарзандонро бояд интизор шавем? Дар сурате, ки ҳама амали ноҷо назди фарзандон ба сомон мерасонанд. Фарзандоне, аз 8 то 1-сола дунболи модар ба тӯй омада. Ба тӯйхона бо ҳама кӯдакони хеш рафтани мо ҳатмист, магар? Ин қоида дар куҷо ҷорист? Оё бо кӯдак мо истироҳат карда метавонем? Ё кӯдак ба фаҳми маросими доиргашта мерафта бошад? Гумон мекунам, кӯдакро бо кӯдакбоне гузорему баъд ба чунин маросимҳо равем беҳтар аст. Ҳам тӯй ботартиб мегузараду ҳам худ истироҳат мекунем.

Мегӯянд фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар. Модаронро масъулияти беш мебояд, то дар бинои тарбияи фарзанд хиштҳои устувор гузоранд.

Ф.МАМАДҶОНОВА,

хабарнигори «Шуҳрати Ашт»

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *