Баҳриддинзода Ақлиддин

Баҳриддинзода  Ақлиддин 15 апрели соли 1990 дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Баъди хатми мактаби №40-и Ҷамоати деҳоти Понғоз, соли 2013 Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси Сиёсатшинос – маъмур хатм кардааст, айни ҳол хатмкунандаи факултаи Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2012 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи ҳуқуқии Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оғоз намудааст.

Аз соли 2012 то 2013 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, аз соли 2013 то 2014 Хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2014 то 2015 мутахассиси пешбари шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят.

Аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 ҳамчун Ёрдамчии муовини Раиси вилояти Суғд оид ба соҳаи иҷтимоиёт фаъолият намудааст.

Аз 25 майи соли 2018 роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт таъин шудааст.

Оиладор соҳиби 2 фарзанд.