Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон

 450 боздид

Имрӯз, санаи 8 апрели соли 2021, дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия таҳти сарпарастии муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба ичтимоиёт Аниса Ҷалилӣ, бо иштироки директори китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Расулова М, роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, кормандони масъули шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ, мактаби санъати бачагона, китобхонаи бачагона, роҳбарияти маҳфили “Ворисони Маъдан”, аҳли фарҳанг, ҳаводорон, дӯстдорони китоб ва кӯдакону наврасони муассисаҳои давлатии томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини Раиси ноҳия зимни суханронии худ қайд намуданд, ки китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб мерафт ва имрӯз ҳам, ки технологияи нави компютерӣ имконияти хубтару осонтареро дар ихтиёри мо гузоштааст, истифода аз китоб ногузир аст. Чӣ хеле, ки бузургон гуфтаанд: “Кас ҳамон вақт подшоҳи олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад.”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи китобхониву китобдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баргузории ҳамасолаи Озмуни ҷумҳурияии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро роҳандозӣ намуданд.

Дар ин асно, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” имрӯзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ аз 2-юм то 9-уми апрели соли ҷорӣ фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор гардида истодааст.

Мақсади асосии баргузории фестивал  ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, муҳимтарин вазифаи фестивал арҷгузорӣ  ба мероси ниёгон, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, дастраси кӯдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, бедор намудани шавқу рағбат ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон, ташкили ярмаркаи  китобҳои бачагона мебошад.

Китоб, китобхона ва хонанда он вақт бо ҳам робитаи ногусастанӣ пайдо менамояд, ки масъулият  ва муҳаббат дар ниҳод дошта бошем. Китобдор, ки пешаи басо пурифтихор маҳсуб меёбад, бояд рисолати худро дарк намояд ва барои қонеъ гардонидани муштариёни китобдӯст пайваста талош варзад.

Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокдорони Фестивал аз ҷониби адибони маҳфили “Ворисони Маъдан” ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шеъру ғазал, рақсу суруд ва саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.