Имрӯз дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони раёсати кишоварзии ноҳия, нозироти андоз, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ҳифзи муҳити зист, масъулони соҳаи заминсозӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд.
Ба самъи ҳозирин иттилоъ дода шуд, ки санаи 17 июл дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори маҷлис масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Аз ҷониби Сарвари давлат ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи аъзоёну фаъолони ҳизб дастур дода шуд, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд. Ҳамзамон, дар ҷараёни маҷлис барои тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар деҳот ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ба таври доимӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин ва танзими ҷашну маросим, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ ва мудофиа, таҳкими манфиатҳои миллӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир ва ғайра дастуру супоришҳо доданд.
Дар баробари ин иттилоъ дода шуд, ки санаи 15-уми июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҷлиси фаъолони вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зимни он аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо баробари натиҷагирӣ аз кулли нишондиҳандаҳои ибратбахши ноҳияи Ашт дар давраи ҳисобӣ барои ислоҳ ва тақвияти фаъолияти як қатор соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия вазифагузорӣ карда шуданд. Қайд карда шуд, ки дар давраи пешбининамудаи минбаъда он ислоҳ ва рушду равнақи соҳа таъмин карда шаванд.
Бо ин мақсад баҳри вусъати корҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, молия ва андоз, сармоягузорӣ, сохтмон, барқ, алоқа, маориф, тандурустӣ, соҳаҳои мафкуравӣ ва ғайра ба масъулони соҳавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои соҳавии комплекси агросаноатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастуру вазифагузорӣ ва супоришҳои мушаххас доданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ