БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР БА ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ  

 284 боздид

Санаи 5-уми майи соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ду Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст,  дар заминаи он қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.04.2025, таҳти №118 ва қарори Раиси ноҳияи Ашт аз 02.05.2025, таҳт №152 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ноҳиявӣ” баҳри самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва пешгирии талафоти он ба тавсиб расидааст, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 15 апрели соли 2025, таҳти №2163 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 15 апрели соли 2025, №2164 масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласаи корӣ буданд.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, вакилон, роҳбарон ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳия, имомхатибон, намояндагони корхонаҳои саноатӣ, бозорҳо ва ғайра иштирок намуданд.

Ҷаласаи кориро Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокинони ноҳия мебошад.

Тағйиротҳое, ки ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд пешбинӣ менамояд, ки ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ ҷавобгарӣ бо намуди ҷарима ва ҳатто аз озоди маҳрум кардан татбиқ карда мешаванд. Аз ин хотир, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки аз нерӯи барқ ва гармӣ самаранок истифода намуда, маблағи истифодаи онро саривақт пардохт намоем.

Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ гузориш дод.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода масъулони соҳа ва ҳамаи фаъолони ноҳияро вазифадор намуданд, ки  фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ ҷоннок  ва корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати самаранок истифода бурдани барқ дар байни сокинон васеъ ба роҳ монанд.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ НОҲИЯИ АШТ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.