Имрӯз дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷараён гирифт.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати Шӯро, мудирони шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дарбар гирифта шуд:
- Дар бораи рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон баён гардиданд;
- Тасдиқи Нақшаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳияи Ашт
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Майнусов Фаромӯз оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон баён гардиданд, суханронӣ ва гузориш дод. Баъдан, сухан ба ҷавони фаъоли ноҳия, гирандаи стипендияи Президентӣ Шодиева Манижа дода шуд.
Нақшаи корӣ ба давраи ҳисобӣ аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома аз ҷониби аъзои Шуро ҷонибдорӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи кории Шӯро, Раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти кории Шӯро фикру андешаҳои худро баён намуда, ба масъулон дастуру вазифагузорӣ ва супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни он зикр намуданд, ки баргузории Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Ашт ва ҷаласаи имрўза бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки бо ин қишри созандаи ҷомеа ба таври мунтазам, самарабахш ва бо истифода аз усулҳои муосиру таъсирбахш чорабиниҳои мақсаднок амалӣ намоянд. Маҷмӯи тадбирҳои андешида дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бояд аз нигоҳи манфиатнокӣ ва касбӣ ба таври ҷиддӣ тарҳрезӣ гардида, баҳри беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти меҳнатию ҳаёти фарҳангии ҷавонон мусоидат намояд. Ҷаласаи имрӯза низ бо мақсади расидан ба ҳамин мақсаду ҳадафҳо доир шуда, аз тамоми масъулин талаб карда мешавад, ки баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати нақшаи кории Шӯро тадбирҳои муассир андешанд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯро пӯшида эълон карда шуда, Суруди миллӣ садо дода шуд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ