Баргузории маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда

 96 боздид

Санаи 16–уми апрели соли 2025, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳия муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ  иштирок  намуданд.

Аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия Муҳидинзода Бурҳонидин Муҳидин ахборот дод.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода баъди ба охир расидани маърӯза аз муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия,  роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва  минтақавӣ  пурсиш ба амал оварда, баъдан вазифагузорӣ намуд..

Дар маҷлиси фаъолон муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, натиҷаҳои ҷамъбастро дар ноҳияи Ашт дар давоми 3-моҳаи якуми соли ҷорӣ бо таҳлилҳо ба маълумоти ҳозирин расонид ва диққати фаъолони ноҳияро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, саривақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии сол вазифагузорӣ намуд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.