Баргузории маҷлиси вазифагузорӣ дар Ашт

 1 078 боздид

2 июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, таҳти раёсати роҳбарияти ноҳия маҷлиси навбатии вазифагузорӣ ба фаъолияти минбаъдаи корхонаву ташкилотҳо баргузор шуд.

Дар маҷлис нахуст сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафтор Муҳаммадиев баромад карда, аз захираҳои кишти картошкаи барвақтӣ, пахта, ғалладона ва хошок ба ҳозирин гузориш дод.

Зикр шуд, ки сол то сол дар ноҳия бояд замини бекорхобида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шавад.

Дар маҷлиси вазифагузорӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Обидова Диловара оид ба ҷойҳои холии корӣ дар ҷамоату шаҳраки деҳот баромад намуда, гуфт ҳоло дар ноҳия 17 ҷойи кори холӣ мавҷуд аст, ки бояд муттахассисони соҳавӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

Инчунин Маркази санитарию эпидимологии ноҳия низ барои дарёфти кадрҳои болаёқати дорои маълумоти олии тиббӣ ва миёнаи махсус дошта,  барои ишғоли 8 ҷойи кории холӣ озмун эълон менамояд. Хоҳишмандон метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ дар озмуни мазкур иштирок намоянд.

Дар маҷлиси вазифагузорӣ роҳбарияти ноҳия баромад намуда, таъкид кард, ки барои вусъат бахшидани корҳои ободонӣ гулу гулзор кардани кӯчаҳои марказӣ, насби шиору овезаҳои наву зебо дар назди мағоза, корхона ва бозорҳо, бунёди варзишгоҳо то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Роҳбарияти ноҳия ба муовинони соҳавӣ супориш дод, ки рафти корҳои созандагиву бунёдкориро зери назорат гирифта, аз иҷрои супоришҳо ба мақомоти маҳаллӣ саривақт гузориш пешниҳод намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.