Имрӯз, санаи 20 августи соли 2025, дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сӯҳроб Ҷураев, муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бурҳонзода Акмал, собиқадори соҳаи илму маориф Халилов Муҳаммадҷон машварати августии соҳаи маориф дар ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси ноҳия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисону ҷамоату шаҳраки ноҳия, роҳбарон ва омӯзгорони таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ ва фаъолони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар оғоз, Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода аз маҳсули эҷодии ҳунармандон ва дастовардҳои омӯзгорону хонандагон боздид намуда, ба фаъолияти омӯзгорон, корҳои илмӣ ва эҷодии хонандагон, инчунин дастовардҳои илмӣ-маърифатии муассисаҳои таълимии ноҳия баҳои арзанда доданд. Ҳамчунин, бо иқдоми инсондӯстона ва ғамхории Раиси ноҳия, ба 12 нафар кӯдакону наврасон аз оилаҳои ниёзманди ҳудуди ноҳия сару либоси мактабӣ бо тамоми лавозимоти хониш тақдим карда шуд, ки ин иқдом мояи хушнудӣ ва рӯҳбаландии волидайн ва хонандагон гардид. Пас аз он, толор бо садо додани Суруди миллӣ фазои идона гирифт.
Бо сухани ифтитоҳӣ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, аз дастовардҳои омӯзгорону хонандагони ноҳия ибрози хушнудӣ намуданд. Ҳамчунин зимни баромад таъкид намуданд, ки дар соли таҳсили гузашта хонандагони ноҳияи Ашт дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Инчунин шумораи довталабони соҳибихтисос, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар дохил шудаанд, назаррас мебошад. Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳамчунин қайд намуданд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлат ба омӯзгорон заминаи устувори рушди илму маориф дар ноҳияро фароҳам овардааст. Пас аз он намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сӯҳроб Ҷураев ба суханронӣ баромада аз ташаббусу салиқаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ашт изҳори хурсандӣ намуданд. Баъдан омӯзгори фаъоли Литсейи №2 Гулмира Маҳкамова «Маърӯзаи аҳли машваратчиёни соҳаи маорифи ноҳияи Ашт”-ро қироат намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба рушди низоми таълим, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон матраҳ гардиданд. Ҳамин тариқ, дар радифи дастоварду пешрафт мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта, қадамҳои баъдӣ барои аҳли маорифчиёни ноҳия аз ҷониби аҳли машварат таҳлилу пешниҳод карда шуд.
Сипас, омӯзгори пешқадами муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и Ҷамоати деҳоти Понғоз Ғоибов Бахтовар ба суханронӣ баромада, перомуни дастовардҳои тӯли як соли охир ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дастовардҳои имрӯзаи соҳа маҳз аз ҳисоби ғамхории давлату Ҳукумат ва заҳматҳои беандозаи омӯзгорон ба даст омадааст. Дар идома, хонандаи синфи 10-уми Гимназияи №1 Шодиева Манижа баромад намуда, аз номи насли ҷавон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба дар рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон изҳори сипос намуд. Ӯ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъкид кард, ки ҷавонони ноҳияи Ашт ҳамеша дар роҳи пешрафти илму дониш ва рушду нусратмандиҳои Ватан содиқ хоҳанд буд.
Дар анҷом, барномаи омоданамудаи бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангез, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти омӯзгорон ба чорабинӣ фазои идона бахшид. Машварати имсола бо гирифтани акси хотиравӣ анҷом ёфт.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ