Бозии футбол яке аз сермухлистарин ва роҳи беҳтарини таъмини беҳдошти сиҳату саломатӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим буда, ҳамзамон муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳо, новобаста аз хурду бузург ва пиру ҷавон мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин намуди бозии варзишӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуда истода, дар ин соҳа санадҳои меъёрию ҳуқукии танзимкунанда ва барномаҳои рушди он ба тавсиб расида, мавриди амал қарор дорад. Амалигардонии ин барномаҳо барои мукаммалгардонии заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, заминаҳои моддию техникӣ, омодасозии мутахассисон, вусъат додани рушди футбол бо истифода аз инфрасохтори муосир, бунёду таҷдиди майдончаҳои варзишӣ, фароҳам намудани шароити мусоид барои зиёд намудани шуъбаҳои футбол дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва рушду оммавигардонии футбол дар деҳот тавассути ҷалби аҳолӣ ба футбол саҳм гузошта шуда истодааст.
Хурсандиовар аст, ки дар робита ба ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” (28.12.2024сол) таъкид доштанд, ки: “Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024ум ифтихор мекунем”.
Дар ноҳияи Ашт ба рушди ин соҳа ва оммавияти он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, чорабиниҳо ва мусобиқаҳои мухталиф пайваста доир мегарданд.
Қайд кардан зарур аст, ки санаҳои 24 – 28 феврали соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт, воқеъ дар шаҳраки Шайдон байни 16 дастаҳои футбол аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футбол барои даръёфти “Ҷоми Пунғаз” (PUNGAZ – CUP)-2025, бо ҷавобгӯи талаботҳои Низомномаи мувофиқа кардашуда, ки ташаббускор ҷавонони Ҷамоати деҳоти Понғоз мебошанд ва ин ҳама ибтикорот бахшида ба 32-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд, баргузор гардид.
Варзишгоҳи марказии маркази ноҳия давоми ин рӯзҳо ба макони хурсандӣ ва муҳити идона табдил гашт, ки аз сарҷамъии мардум ва орому осудагӣ ва рушду равнақи кишвари азизамон шаҳодат медиҳад. Дар ин рӯзҳо варзишгоҳ на кам аз 3 ҳазор мухлису тамошобин дошт.
Қувваозмоӣ дар бозиҳои интиҳоии дастаҳо пуршиддат гузашта, ҳар як даста ҷидду аҳд менамуд, ки ғолибиятро ба даст оварда, сазовори тамошобинон ва мухлисони даста гардад.
Дар натиҷа, ҷойи якумро дастаи “Ифтихор”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор, ҷойи дуюмро дастаи “Пунғаз”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ва ҷои сеюмро дастаи “Қаҳрамон”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба шарафёб гардиданд.
Дар фарҷоми бозии финалӣ Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ғолибони ин мусобиқаро табрику таҳният намуда, барору комъёбиҳо орзу намуданд.
Дар рафти он, оид ба нақши бузурги Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини ободу зебо, хурраму зебоманзар, тинҷу ором, бақои саросарии ваҳдату ягонагӣ суханронӣ карда, ҳамагонро ба гузоштани саҳми арзанда дар ободии кишвар даъват ва ҳидоят намуданд. Инчунин, аз музаффариятҳои ноҳия давоми 3-соли охир иттилоъ доданд, ки ин ҳама дар муташаккилии аҳли сокинони ноҳия ва ҷонибдории сиёсати созандаи Пешвои маҳбуби кишвар мебошад.
Дар ҷараёни фарҷом дастаҳои ғолиб бо мукофотҳои пулӣ ва Кубок ва бозингарон Маматов Зайниддин – дарвозабони беҳтарин; Болтаев Фарҳодалӣ – ҳимоятгари беҳтарин; Юлдошев Сӯҳробҷон – нимҳимоятгари беҳтарин; Алиматов Утмишбой – ҳамлагари беҳтарин; нишонзани беҳтарин — Топилов Нодирбек ва бозингари беҳтарин — Одинаев Умед дониста шуда, бо Сипосномаву дипломҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Роҳбарияти ноҳияро сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳамроҳӣ доштанд .
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ