Барқароркунии роҳ дар Ҷамоти деҳоти Пунук

 963 боздид

Ҳафтаи сипаришуда, бар асари боронҳои пайдарпай, 3 километр роҳи асосии Ҷамоати деҳоти Пунукро, ки ба маркази ноҳия пайваст мекунад, аз куҳ шағалпора фаромада, банд карда буд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва сокинони маҳаллаи Поёни Ҷамоати деҳоти Пунук тайи 3 рӯз аст, ки барои барқарор кардани роҳ ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил карда шуда, корҳои барқароркунӣ идома дорад.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, 10 тона сӯзишворӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ба Ҷамоати деҳоти Пунук дода шуд.

Тавре Муҳиддинзода Бурҳониддин раиси Ҷамоати деҳоти Пунук ба мо иттилоъ дод: “Айни ҳол, дар маҳаллаи Поёни Ҷамоат корҳои барқарор кардани роҳ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром ҷараён дорад. Кӯшиш мекунем, корҳои барқароркунинии роҳи маҳаллаи Поёнро имрӯз ба итмом расонем”.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, ба маҳалли ҳодиса рафт ва  зимни бартарафкунии пайомади офати табии дар Ҷамоати деҳоти Пунук ба масъулин дастур дод, то роҳҳои қисман вайроншудаи ҳудуди ҷамоат ҳарчи зудтар барқарор карда шавад, то ки он ба рафтуомади сокинон мушкилӣ пеш наорад.

Ёдовар мешавем, ки боришоти зиёди борон ва омадани сел дар сойҳои ноҳияи Ашт, моҳи апрели соли 2017 ба хоҷагии халқи ноҳия зиёда аз 740 ҳазор сомон зарар расонида буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.