Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё

 129 боздид

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Финляндия ва муҷаддадан интихоб шуданатон ба ин маснади олии давлатӣ табрику таҳният гӯям.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломативу комёбиҳо ва барои мардуми Финляндия амонӣ, рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам.

Мо ба густаришу таҳкими равобити ҳасанаи гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Финляндия манфиатдорем ва итминон дорем, ки ҳамкориҳои васеъ ва судманди ҷонибҳо ба манфиатҳои аслии халқҳои ҳар ду кишвари дӯст мебошад.

Умедворам, ки дар давраи нави раҳбарии Шумо бо саъю кӯшишҳои муштараки мо муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия ба зинаҳои нави рушд хоҳанд расид».

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *