Барқияи тасаллият ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

 1 028 боздид

17.02.2017 , шаҳри Душанбе

http://president.tj/node/14576

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони кишвар гардидааст, моро ниҳоят андӯҳгин намуд.

Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, маҳкум намуда, зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам».

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.