Бартарафкунии пайомади сел дар Ашт

 911 боздид

Бо дастгирии раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ барои бартараф намудани пайомади сел дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Ашт 25 ҳазор сомон маблағ ҷудо гардида, барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳия босурат ҷараён  дорад.

Бо супориши раиси вилояти Суғд барои бартараф сохтани пайомади сел дар ноҳияи Ашт техникаҳои махсус ба ноҳия ворид карда шудааст. Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар  10 тона сӯзишвориро барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳия тақдим намудааст.

Айни замон соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқароркунии роҳҳо дар деҳаи Ашт ва Пискокати ҷамоати деҳоти Ашт ва ҷамоати деҳоти Понғоз идома дорад.

Роҳбарияти ноҳия зимни бартарафкунии пайомади сел дар ҷамоати деҳоти Ашт гуфтанд, ки роҳҳои қисман вайроншуда дар ҳудуди ҷамоат ҳарчи зудтар барқарор карда шавад то, ки он ба рафтуомади сокинон мушкилӣ пеш наорад.

Дар натиҷаи омадани сел моҳи апрели соли ҷорӣ қисман роҳи ин ҷамоат зарар дидааст. Масъулин мегӯянд, корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоат бо сурат идома дорад ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт он рӯзҳои наздик пурра бартараф карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.