Бахшида ба Рӯзи байналмиллаии кӯдакон дар Ашт 2 иншооти ҷашнӣ ба итифода дода шуд

 659 боздид
Нимаи дуюми имрӯз, дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмиллаии кӯдакон, дар ноҳияи Ашт, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабирҷон, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, 2 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Нахуст меҳмонон аз фаъолияти корхонаи “Зардолу ва компания” шинос гардиданд. Ёдовар мешавем, ки ҶДММ “Зардолу ва компания”, ки бо таҷҳизоти замонавии банду басти меваи тар муҷаҳҳаз буда, дар як баст беш 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Баъдан майдончаи хурди сунъии футбол дар деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Ашт, аз тарафи соҳибкор Қурбонов Зарбахт, ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст, ба истифода доданд.
Сипас дар деҳаи Дӯстӣ сартарошхона ва дукони гӯшт, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мирқосимов Рухшед Амонов Обидҷон ба маблағи беш аз 40 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст мавриди истифода қарор гирифт.
Дар охир Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабирҷон, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз ҶДММ “Моҳи Сабр”, ки дар он парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст, шинос шуданд.
Тавре Мамадҷонов Шуҳрат, роҳбари хоҷагӣ иттилоъ дод, дар майдони 46 га ҳавзи моҳигирӣ бунёд карда шудааст, ки минбаъд дар ин ҳавзҳои моҳигирӣ навъҳои Сазан, Пешонағафс ва Амури сафедро парвариш мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.