Беҳтарин оилаи намунавӣ ва ҳунарманд

 2 640 боздид

Санаи 14 майи соли ҷорӣ дар туйхонаи “Аҳмадҷон”-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Рӯзи байналмиллалии оила таҳти унвони “Беҳтарин оилаи намунавӣ ва ҳунарманд”  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи оила муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Зафар Мамадҷонов, мудири бахши кор бо занон ва оила Обода Каримӣ ва мудири бахши САҲШ-и ноҳия Назира Раҳимова иштирок доштанд.

Аниса Ҷалили табрикоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро бахшида ба рӯзи байналмиллалии оила ба самъи иштирокдорон расонида қайд кард, ки таҷлили Рӯзи байналмиллалии оила ин пеш аз ҳама амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкориву созандагӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами оиладорӣ, гиромӣ доштани арзишҳои Ваҳдати миллӣ, тарғиби фарҳанги қадимаи тоҷикон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар рафти таҷлили Рӯзи байналмиллали оила аз тарафи бахши САҲШ-и ноҳия ба як оилаи ҷавон шаҳодатномаи таваллуди кӯдак супорида шуда, ба оилаҳои намунавӣ ва ҳунарманд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охир намоиши барномаи фарҳангӣ доир гардида, дар он  саҳнаҳо аз рӯзгори имрӯзаи мардум манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.