Бетарафист, ки теша ба решаи сабзи миллат мезанад

 871 боздид

Масъалаи доғи рӯз—пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таҳсили ғайриқонунии муҳассилин дар хориҷи кишвар ва баргардонидани онҳо ба Ватан.

Чунин буд мавзӯи ҷаласаи машваратие, ки дирӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ, сардори ШКД дар ноҳия Солизода Абдувоҳид Орифҷон, сардори шуъбаи КДАМ-и ноҳия Парвин Комилов ва ширкати аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор шуд.

Аҳли нишаст аввалан филми мустанади Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар он Эрон дар сармоягузории қатли чанд тан чеҳраҳои саршиноси миллати тоҷик гунаҳкор дониста мешуд, тамошо карданд.

Ёдовар мешавем, ки филми мазкур, ки 45 дақиқаро дарбар мегирад, шоми рӯзи 8-уми августи соли равон тавассути шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Хойинони миллат, ки онҳоро ба инсон гуфтан забон намегардад, Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов дар қатли нобиғаҳои миллат чун Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Fуломов, Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Сайф Афардӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев ва чанди дигар иқрор шуданд.

Дар анҷоми филм ин нафарон гуфтанд, ки ин амалҳои ҳайвониро надониставу нафаҳмида содир кардаанд. Ин гуфтаҳо дар ботини ҳар нафар эҳсоси нафратро бештар месозад. Наход даст ба куштани инсон заниву аз оқибати он андеша накунӣ? Иқрори нафаҳмидану надонистан ва гумроҳии онҳо басо нафратзост.

Баъди тамошои филм прокурори ноҳия Раҳмонзода А. аз вазъи имрӯзаи сиёсии ноҳия сухан гуфт. Қайд гардид, ки айни замон 83 нафар сокинони ноҳия дар кофтуков қарор доранд ва ин рақамҳо наметавонад моро ором гузорад.

Насли ҷавон бояд огоҳ бошад, ки солҳои охир дар ҷаҳони ислом таҳти таъсири тамоюлҳои глобализатсионӣ  навгониҳои зеҳниву фарҳангӣ ба чашм мехӯрад. Масъалаи шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракоти номатлуб ва гумроҳии ҷавонон ба масъалаи муҳим табдил ёфтаву ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва Тоҷикистон, ки як ҷузъи сайёра аст, дар канор нест. Беҳуда нагуфтаанд:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Чӣ бояд кард? Бо кадом роҳ метавон мардумро аз ин гирдоби карахтиву бало берун овард? Чӣ бояд кард, ки ҷавонон аз ин роҳ бозгарданд?

Роҳнамоиҳои пурмуҳтавои прокурори ноҳия аҳли нишастро бори дигар ҳушдор дод, ки нисбати ин вабои нохондаи аср бетараф набошанд, волидон аз ҳоли фарзандон, омӯзгорон аз вазъи равонии хонандагон, атрофиён аз рафтори ҳамзамонон ҳамеша воқиф бошанд.

-Осмони софу беғубори меҳанро имрӯз оне, бештар қадр мекунад, ки аз гузаштаи начандон дури миллат огоҳ бошад, аз ҳавои пурғубори солҳои ҷанги бародаркуш нафас гирифта бошад ва пайвандашро, фарзандашро, бародарашро, шавҳарашро, волидонашро, билохир ҳамватанашро коми ин ҷанги шаҳрвандӣ ба худ кашида бошад,—гуфт сардори ВКД-и ноҳия Солизода А. –Аммо мо вазифадорем, ба насли ҷавон даҳшати он рӯзҳо ва осудагии ин рӯзҳоро расонида тавонем.

-Аз соли 1995 инҷониб аз 42 нафар муҳассилине, ки дар хориҷи кишвар таҳсили ғайриқонунӣ доранд, 34 нафар бозгаштаанд. Аммо тайи чанд муддат аст, ки муҳассилини боқимонда то ҳол таҳсил доранд ва имкони бозгардонии онҳо торафт мушкил мегардад.  Тасаввур кунед, ки аз ин нафарон чиро метавон интизор шуд? Мову шумо мунқасири роҳгумии ин ҷавонон ҳастем. Аз бетарафиву беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии мову шумо онҳо ҳамин роҳро пеша кардаанд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо эътимод ба аҳли нишаст муроҷиат намуд, ки нисбати насли ҷавони кишвар бетараф набошанд, баҳри ба Ватан баргардонидани фарзандони хеш бо тамоми ҳастӣ бикӯшанд. Аз ободиву сарсабзии диёр, ки бозгӯйи замони осоишта аст, шукргузор бошанд ва илова намуд:

-Аз ҳама муҳимаш падару модаронро зарур аст, ки аз рафтору кирдори ҳамарӯзаи фарзандонашон огоҳ бошанд, вақти холигии онҳо чӣ гуна сипарӣ мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо кӣ муошират мекунанд, ба кадом мавзӯъ диққати беш зоҳир мекунанд.

Сипас дар назди аҳли толор  Алишер Қодирқулов-ҷавони фиребхӯрда аз ноҳияи Ашт, ки бо дастгирии ВКД ва КДАМ ва сафорати  Тоҷикистон дар Туркия ба Ватан баргардонида шудааст, баромад кард. Тафсилоти фиреб хӯрдан аз дӯсти доғистониаш, азобу шиканҷаи хориҷиён дар мусофират, дурӣ аз ҳамсару фарзандаш (ҳарчанд ҳамроҳаш бурда буд, аммо имкони якҷо будан надоштанд), муносибати тасвирнашавандаи хоҷагони хориҷӣ, азият дар зиндонҳои тасвирнашаванда ва билохир роҳи дурударози бозгашт ба Ватан аз забони ӯ бо дарду ҳасрату алам бозгӯ шуданд. А.Қодирқулов натавонист он ҳама азияту ранҷу азобашро ба риштаи сухан кашидаву ба аҳли толор бирасонад, аммо ҳаракоту нигоҳ ва суханҳои канда-кандааш дарак аз пушаймонӣ, дарак аз азобҳои пуштисаркардааш, ки қалам аз тасвираш оҷиз аст, медоданд. Ҳар инсони оқилу ҳушманд аз нақли ӯ дарёфт, даҳшати раҳгумзадагону асирафтодагон ва нимироҳмондагони як қатор мамолики осебпазири Арабро.

Аз нигоҳи ӯ дарёфтан имконпазир буд, ки дар ғурбату дурӣ то чӣ андоза ба навозиши падару дастони меҳрубони модар ниёз дошт, чӣ сон ҳавои муаттари меҳани хешро ёд мекард, чанд маротиб аз рӯзгор иҷборан дил канду ноумед шуд… Борҳо ноумед шуд, ки дигар наметавонад сари зонуи модар аз ғаму ғурбати дунё дур бошад.

Аз дилаш борҳо гузашт андешаи он, ки дигар шояд натавонад зану фарзандашро, ки бо гуноҳи ӯ ин замон баробари ҳазорон занҳои муштипар дар ғурбату мусофират азият мекашанд, бубинад…

Оре, ин Алишер ва Алишерҳои дигари тоҷик, ки ба доми фиребу найранг афтодаву ин замон сахт пушаймонанд, Худо кунад, ки ба Ватан баргарданд. Ба қадри навгониву ободиҳои ҷавони 26-сола—Тоҷикистони азиз бирасанд, шукри неъматҳояш кунанд ва барои ояндаи он хизмат намоянд.

Т.МИСРОБӢ

С.ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.