БЕТАРАФӢ НАШОЯД!

 977 боздид

Дирӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, дар ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғози ноҳияи Ашт вохӯрӣ бо фаъолон, зиёиён ва аҳли ҷамоатчигӣ оид ба вазъи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ва андешидани чораҳои пешгирикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба тарғиби мавҷудияти захираҳои зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ, болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал баргузор шуд.
Гурӯҳи корӣ аз вилоят, намояндагони МИҲД-и вилоят, муовини сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят—Абдумавлон Қодиров, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев ва ҳамчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт Мутриба Абдуллоева оид ба мавзӯъҳои дар боло зикршуда андешаҳои худро бозгӯ намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҳарчанд имрӯз дар Тоҷикистон сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар тибқи супоришу дастурҳои сарвари давлат ҷараён дорад. Дар ин амал бояд ҳар нафар, чӣ хурду чӣ бузург, саҳми худро гузоранду бетараф набошанд.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин оиди ба таҳлука омадани сокинон ҷиҳати болоравии нарху наво дар бозор ва пешгирии ин амали номатлуб сухан гуфтанд. Қайд карда шуд, дар ин кор агар аз як ҷониб савдогарон гунаҳкор бошанд, аз ҷониби дигар худи мардум низ мунқасиранд, чун чандест, ки осемасар маҳсулоти ниёзи аввалро аз ҳад зиёд харидорӣ менамоянд. Бояд ҳар нафар огоҳ бошад, ки Тоҷикистон барои пур намудани бозори истеъмолӣ дасткӯтаҳ нест, захираҳои зарурии маҳсулоти ниёзи аввал дорад ва ҳоҷат ба аз меъёр зиёд харидани маҳсулот нест, чун ин амал баръакс ба буҷаи оила зарар меорад.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар такя ба рақамҳои оморӣ мавҷудияти захираҳои даркории маҳсулот бозгӯ карда шуд.
Маром аз вохӯрӣ бо фаъолону зиёиён он буд, то ба кулли мардум аз вазъи воқеии имрӯзи кишвар ҷиҳати мавзӯъҳои дар боло баррасишуда корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳанд.
Чунин вохӯриҳо имрӯз низ дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳрободу Шодоба, Ифтихору Ориён, Ашт, Ошоба ва Пунук доир карда шуданд.
Бояд зикр намуд, барои амалӣ шудани ҳадафҳои дар боло зикршуда ҳар нафарро зарур аст, бетарафӣ накардаву аз як гиребон сар бароварда, баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта кӯшиш намояд, барои гирифтани маълумот ба манбаъҳои иттилоотии эътимоднок рӯ оранд ва вақти хулосабарорӣ боандешаву ботаҳаммулу ботааммул бошанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.