Интихоботи вакилон—2020
Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов вохӯрии Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, наврасону ҷавонон, дружиначиёни ихтиёрӣ ва гурӯҳи “Авангард” ва масъулини баргузории маъракаи сиёсии “Интихоботи вакилон—2020” ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва омодагии ҷиддӣ гузаронидани интихоботи дар пешистода доир гардид.
Қайд карда шуд, интихобот чун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар нафар шаҳрванди кишвар фарҳанги баланди сиёсӣ, эҳсоси бузурги ватандорӣ ва масъулиятшиносиро талаб мекунад. Мо бояд аз тарзи зиндагиву рӯзгордорӣ, шуғли фарзандону пайвандон ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаву нигоҳдории амнияти меҳан огоҳ бошем. Имрӯз қатори дигар сокинони кишвар ҳамдиёрони мо низ дар муҳоҷират қарор доранд ва пӯшида нест на аз ҳамаи воқеоту ҳодисот ва вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодии ҷумҳурӣ ба дараҷаи кофӣ огоҳанд. Ва ҳар нафари мо ҷиҳати фаҳмонида додани саҳми онҳо дар ояндаи кишвар тавассути ширкат дар ин чорабинии муҳим масъулем. Бохабар будан аз вазъи нафароне, ки чанде пеш бо иқдоми Пешвои миллат тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” озод гардиданд низ набояд аз мадди назар дур монанд.
Боиси таассуф аст, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоинони миллат бо унвони “Паймони миллии Тоҷикистон” дар хориҷи кишвар бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва тарғиби ғояҳои ифротӣ мехоҳанд, ба амнияти кишвар бо ҳар роҳ халал ворид созанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин қайд намуд, ба фаъолияти имомони масоҷид, рафтору кирдор ва тарзи зиндагии муҳоҷирони меҳнатие, ки солҳои дароз набуданду имрӯзҳо ба Ватан баргаштанд, ашхоси бегонаву шубҳанок, ҷараёни баргузории ҷашну маросими мухталиф, навбатдорӣ дар участкаҳои интихоботӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Прокурори ноҳияи Ашт Баҳриддин Сафарзода ба сухан баромада, гуфт, баргузории чунин чорабиниҳо дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ маъмулист. Амният ва дар сатҳи баланд гузаштани маъракаҳои сиёсӣ аз ҳушёриву зиракӣ, масъулият ва бетараф набудани ҳар нафар вобаста аст. Бетарафӣ ойини ватандорӣ нест!
Табиист, ки интихобот ин мубориза ва рақобат аст ва ҳар яки мо бояд дар ин раванд мавқеи худро дошта бошем, яъне бо диду назари худ ва овоздиҳии зиракона ояндаи кишварро муайян намоем.
Сардори ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Ашт А.Солеҳзода саҳми бузурги ҷавонон, бахусус, дружиначиёни ихтиёрӣ ва гурӯҳи “Авангард”-ро дар амалӣ намудани ҳадафи ояндасози давлату ҳукумати кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ, кушода додани чеҳраи аслии ифротгароён, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолият бозгӯ намуд. Изҳори нигаронӣ карда шуд, бо он ҳама фаъолияту кӯшишҳои масъулин соли 2019-ум 95 нафар ҷавонон даст ба ҷиноят задаанд, ки ин рақамҳо соли 2018 бештар аст, яъне соли пеш 88 нафар буданд. Имрӯз 36 нафар ҷавонони ноҳия дар ҷустуҷӯйи расмӣ қарор доранд. Ин рақамҳо ташвишоваранд ва боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияту баланд бардоштани эҳсоси масъулиятро талаб мекунанд.
Имрӯз дар ноҳия 200 нафар ҷавонон дар ҳайати гурӯҳи “Авангард” ва 105 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ амал мекунанд, ки эътимод дорем, барои ислоҳи камбудиҳо, расидан ба ҳадафҳои нек ҳамеша кӯмак хоҳанд кард.
Т.МИСРОБӢ