Бигузор табибони беҳтарин дар хизмати мардум бошанд

 647 боздид

Имрӯз, 16 августи соли равон дар толори театри Муассисаи давлатии вилоятии театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов ҳомиёни саломатӣ бо тантанаи хоса иди касбиашонро таҷлил намуданд.

Нахуст Раиси ноҳия Зариф Мирдадо табибонро бо идашон таҳният гуфт. Қайд карда шуд, ки Кодекси тандурустии ҶТ, ки нуктаҳояш давра ба давра амалӣ мешаванд ва ҳадафи асосии он таъмини солимии миллат, паст намудани сатҳи бемориҳо ва пешгирии бемориҳои мухталифи сирояткунанда, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони арзанда, боло бардоштани сатҳи маърифати санитарии аҳолӣ мебошад, бори дигар аз таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар нисбати ҳомиёни саломатӣ дарак медиҳад.

Имрӯз дар ноҳия 202 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд ва аз ин миқдор 1 нафар Корманди Шоистаи ҶТ, 3 нафар дорандагони медали «Шафқат», 11 нафар Аълочиёни тандурустии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Имрӯз  кору фаъолияти табибони ҳозиқ чун З.Қодирова, М.Шодиматов, М.Неъматов, Б.Зокирова, Н.Қӯнишев, М.Қулбобоев ва чанди дигар намунаи садоқату ибрат аст. Кору пайкори онҳоро табибони ҷавону умедбахш М.Турсунов, Ҷ.Рӯзиматов, Ф.Ҷамолов, Ф.Орипова, Ф.Абдулҳаева ва дигарон идома дода истоданд.

Агар соли 2010 аз буҷети ноҳия барои соҳаи тандурустӣ 3 млн.998 ҳ.с. ҷудо шуд бошад, ин рақамҳо соли 2019 ба 17 млн.578 ҳ.с. расиданд. Барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба маблағи 600 ҳ.с. таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст.

—Табиб бояд меҳрубон, хушсухан бошад ва пайваста аз ҳоли бемор бохабар бошад,—гуфт Раиси ноҳия. –Бошад, ки табибони беҳтарин дар хизмати мардум бошанд!

Сарвари ноҳия зимни баромадаш ҳамчунин аз сатҳу сифати хизматрасонии марказҳои ташхисӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, ба кор таъмин кардани хатмкардаҳои коллеҷу донишгоҳҳои тиббӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Дар идомаи қисми тантанавии ҷамъомад табибони хизматнишондодаву маҳбуб қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, М.Ҳамроқулова—момодухтури БМН ва Н.Ҳасанова—духтури оилавии ҷ.д. Ашт бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии ҶТ, Бароат Зокирова  бо медали ҷашнии 85-солагии Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилоят, З.Қодирова—табиби ҷарроҳ ва С.Сабуров—сармуҳосиб бо медали ҷашнии 20-солагии ҲХДТ сарфароз гаштанд. Ҳамчунин як қатор намояндагони соҳаи тандурустӣ бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси ноҳия, Ифтихорномаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Дар анҷом қисми фарҳангии чорабинӣ, ки дар сатҳи баланд, бо пешкаш намудани саҳначаҳои ҷолиб, рақсу навоҳои дилошӯб пешниҳоди ширкаткунандагон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.