Санаи 22 июни соли ҷорӣ, дар туйхонаи «Бахт»-и маркази ноҳия шаҳраки Шайдон, вохӯрии Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо фаъолзанони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, намояндаи Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар назди Кумитаи занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Гулбаҳор Маликзода, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД- и ноҳияи Ашт Обода Каримӣ, бонувон ва фаъолзанони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бонувони фаъоли ноҳияро ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда зикр дошт, ки имрӯз бонувони ташаббускор дар баробари мардон дар вазифаҳои пурмасъулият ифои вазифа намуда истодаанд.
-Дар ноҳия аз 165 190 нафар аҳолӣ, 82 265 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо, корҳои кишоварзиву истеҳсолӣ, таълимию табобатӣ, хизматрасонии бонкӣ ва дигар соҳаҳои ободонию созандагӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 56 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояи Суғд, 6 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 36 нафар вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоатҳо, 36 нафар ҳамчун хизматчии давлатӣ, 450 нафар дар самти соҳибкорӣ машғули фаъолият мебошанд.
Зиёӣ Баҳриддин Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт занону бонувонро ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт.
Гулбаҳор Маликзода намояндаи Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар назди Кумитаи занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, Паёми табрикотии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигули Тағо, оид ба ҷашни Ваҳдати миллиро ба самъи фаъолзанони ноҳия расонид.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ, Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт ва Зиёӣ Баҳриддин Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, ба 10 нафар ҷавонон шаҳодатномаи аъзогии ҲХДТ-ро супорида, инчунин ба 9 нафар кӯмаки яквақтаинаи пулӣ тақдим намуданд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳанги манзури иштирокдорон гардонида шуда, «Ворисони Маъдан»- дар васфи Зан-Модар аз ашъори худ шеърҳо қироат намуданд.