ДАРЁФТИ ЗИЁДА АЗ 1000 АДАД АДАБИЁТИ МАМНӮЪ
Мегӯянд, бори каҷ ба манзил намерасад ва мо дар унвони мақола як каме онро тағйир додем. Ҳар амали нопоке, ки ҷиҳати рахна ворид намудан ба девори амнияти инсон содир мешавад, рӯзе, дер ё зуд фош хоҳад шуд. Ин андешаҳо аз ҷониби халқ дар такя ба таҷрибаи зиндагӣ бозгӯ шудааст ва воқеист.
Амалҳои пай дар пайи ТЭТ ҲНИ солҳост, ҳам аз ҷониби аъзоёнаш, ҳам аз воқеоту ҳодисоти рӯй додаистода фош мешаванд. Чанде пеш боз як амали хоинонаи аъзоёни ин гурӯҳи ифротӣ фош гардид. Баъди санҷиши намояндагони КДАМ дар вилояти Суғд аз таҳхонаи масҷиди ҷомеаи деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғоз зиёда аз 1000 адад китобҳои моҳияти динидоштаву маводи дарсии динӣ (наздики 172 номгӯй) дарёфту мусодира карда шуд. Санҷишу таҳқиқоти масъулин нишон дод, ки ин китобҳо аз мадрасаи мутавасситаи ноҳияи Ашт, ки солҳои 1997-2012 фаъолият дошт, ба ин ҷо оварда шудааст. Аниқтараш, соли 2012 баъди баста шудани мадрасаи мутавасситаи шаҳраки Шайдон роҳбари он Саъдулло Мирахмедов, ки ба ҳайси имом-хатиби масҷиди деҳаи Саро ба фаъолият пардохт, бо мақсади пинҳон намудан ба масҷиди деҳаи Саро оварда шуд. Ӯ барои аз чашмҳо ноаён шуданаш онҳоро дар 43 адад қуттӣ ҷой кардаву дар як кунҷи таҳхона зери қолину ҷойнамозҳо пинҳон кардааст. Ин амал бори дигар собит намуд, ки ТЭТ ҲНИ барои паҳн намудани андешаву афкори ифротиаш ба ҳама разиливу фасодкорӣ қодир аст.
Табиист, халқи оддиву мусалмон ва ё аз донишҳои дунявию динӣ камогоҳ вақте ба воқеаву ҳодиса ва равандҳои гуногуни дар ҷомеа ба вуҷудомада амиқ баҳогузорӣ карда наметавонад, ба суханҳои инсони аз худ “афзалиятдошта” бовар мекунад. Ва мутаассифона, ба каломи муллову нимчамуллоҳои фурӯхташудаву хиёнаткор низ. Чунин инсонҳои пастфитрат аз ин фурсат истифода мебаранд, аз эътиқоду эътимоди халқи оддӣ. Ин барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон мусоидат мекунад. Саъдулло Мирахмедовро низ метавон ба қатори чунин мутаассибони рӯҳонӣ шомил намуд.
Бояд зикр дошт, Саъдулло Мирахмедов (омӯзгори фанни таърих буд) аъзои ТЭТ ҲНИ нест. Аммо бо шукӯҳу тантана пешвоз гирифтани аъзоёни ҳизби мазкур дар якҷоягӣ бо шогирдони мадраса, аъзои ТЭТ ҲНИ будани омӯзгорони мадраса, паҳн намудани адабиёти дарёфтшудаи ифротиву мамнӯъ бозгӯи ҳамандешаву ҳаммаслак будани ӯ бо наҳзатиён аст.
Ин ҷо боз як нуктаи муҳим аст: ин ҳам бошад, бо маблағи калон (наздики 1 млн.доллари ИМА) бунёд ёфтани масҷиди деҳаи Саро. Ба хонанда расониданием, ки масҷиди мазкур низ тибқи маълумоти ҷойдошта бо маблағгузории мамолики манфиатхоҳ ва ҳамчунин сокинони деҳа Қурбоновҳо ва Мирзошарифовҳо, ки тибқи моддаи 307-и КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯйи ҷиноӣ қарор доштанд ва бинобар пушаймонӣ аз кирдор аз ҷавобгарӣ озод шудаанд, рӯйи кор омада.
Таассуфовар аст, ки намояндагони дин, рӯҳониён, билохир мардуми деҳ боре андешида бошанд, чунин масҷиди калон аз кадом ҳисоб насибашон гашта? Ё андешаву дарёфти ин суол барояшон муҳим нест ва ё чашм мепӯшанд. Ё медонанду худро ба нодонӣ мезананд… Ин барои мо ноаён аст.
Нуктаи дигаре, ки мехоҳем, расонаӣ созем, амалҳоест,ки дар мадрасаи мутавасситаи ш.Шайдон рӯйи кор омадаанд. Шояд гап зиёд шаваду мақола дилгиркунанда, аммо ҷойиз донистем, ки ба хотири кушодани чеҳраи гунаҳкори ин кор ба фаъолияти С.Мирахмедов назаре дӯзем. Инак, чанд нукта:
МАДРАСА…
Мадраса калимаи арабист, маънояш ҷойи дарс хондан, таълимгоҳе, ки толибон таҳсили илм мекунанд ва дониши худро такмил медиҳанд. Дар тасаввури аксари мо мадраса чун ҷойи муқаддас ҷойгоҳи худро ёфтааст, чун вақти таҳсил дар мактаби миёна дар тарҷумаи ҳоли донишмандони бузургамон ин калимаро бисёр дучор меомадем. Макони дарсомӯзӣ, рушд, маркази асосии таълим, макони тадқиқоти олимон…
Аммо мадрасае, ки айни замон мехоҳем аз “фаъолияташ” қисса кунем, макони фаҳшу ифроту бераҳмиву бевиҷдонист. Макони одамони ҳайвонсират, “устодон”-и бемазҳабу бемаърифат. Макони азияти ҷавондухтарони ноком…
Мадрасаи мутавасситаи шаҳраки Шайдон, ки соли 1997 ба фаъолият пардохт то соли 2012. Мадрасаи мазкур тибқи Протоколи №4, санаи 01.10.1997 бо ташаббуси раиси Шӯрои уламои н.Ашт Ҳаким Шоҳназаров ва котиби шӯро Мирахмедов Саъдулло рӯйи кор омад.
МАҚСАД: ҲАДЯИ НАСЛИ ИФРОТГАРО
Чун мадрасаро макони илмомӯзӣ пиндоштанд, падару модарон тасмим гирифтанд, фарзандонашон ин ҷо таҳсили худро идома диҳанд. Бо як ҷаҳон орзу ва эътимод фарзандонашонро ба мадраса оварданд, ба дасти он устодони ҳайвонсиришт супориданд. Ва ин “устодон” ончунон ҳилагару беимон буданд, ки аввал ба боварии шогирдон даромаданд. Зери ниқоби мадраса гӯё шогирдонро “мусалмон” карданд. Аммо маром аз он “дарсҳо” танҳо як чиз буд: ба хоҷагони хориҷӣ ҳадя намудани насли ифротгаро. Агар гӯем, ки то андозае ба ин мақсадҳои нопоки худ расиданд, шояд хато нашавад, чун имрӯз маҳз шогирдони дар ин мадраса таҳсилдида ифротӣ шудаанд, нафарони зиёди онҳо дар кофтуков қарор доранд.
Имрӯз таҳлилгарон заминаҳо ва бавуҷудоии ифротгароиро гуногун арзёбӣ мекунанд. Аммо агар гӯем, дар ноҳияи Ашт заминаи асосии ин ҳаводиси номатлуб маҳз “дарс”-ҳои ҳамин “устодон”-и миллатфурӯхта буд, хато нахоҳад шуд. Мароми асосии устодони ин мадраса яке буд: бунёди давлати Хилофат!
Маълум аст, созмонҳои характери ифротиву террористидошта барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаашон аз нерӯи ҷавон, насли наврас ва билохир ҷавонони ноогоҳ истифода мебурду мебарад. Ҳамин усули корро устодони мадраса дар пайравӣ ба хоҷагони хориҷиашон идома доданд.
ДАСТ БА ДОМОНИ ПОКИ ДУХТАРОН…
Ин устодони кӯрдил бо он ҳама амалҳои зишт қаноат накарданд, ба мақсадҳои шайтониашон ҳам расиданд.
Он духтаракони поку бегуноҳ, ки дар мадраса таҳсил мекарданд, чӣ гуноҳ доштанд, қурбони нафси шаҳвонии онҳо шаванд? Наход дар мадраса устод ба шогирд (духтар) тарзи таҳорат карданро омӯзад? Ин амал дар зеҳни кадом инсон меғунҷад? Наход мударрис дасти зӯрӣ ба домони поки духтарон дароз кунад? Чашмонаш кӯр буданд, ки нигоҳи имдодталабонаи духтари наврасро надиданд? Наандешид, ки ӯ низ ҳамсар, духтар, хоҳар дорад?
Тибқи иттилои қурбониёни ин ҳаводиси нангин Мирахмедов С. барои шод кардани хотири ҳамтоёнаш, аз ҷумла, Қорихон Арабзода ва чанди дигар духтарони мадрасаро ба Гулистон (собиқ ш.Қароққум) мебурд. Истисмори шаҳвонӣ нисбати духтарон аз ҷониби ӯву ҳамтоёнаш ҷараён мегирифт. Ин ҳодиса нангину ногуфтанист! Ҳомила шудани духтари як хонадон дарди беандозаву тасвирношуданист. Тақдири минбаъдаи ин қурбониён пешгӯйикарданисту аён: ҷомеа ин духтарони маъсумро намепазирад, оила барпо намекунанд, пайвандон ҳазар мекунанд ва боз паёмадҳои нохуши дигар…
Дарди ин духтарони ноумедгашта ва волидони пуралами онҳоро қалам бо он ҳама аламкашиҳояш шояд тасвир карда натавонад, аммо бо вуҷуди ин биёед, мехонем, қиссаи як нафари ин духтарони маъсумро:
МОДАРҶОН, НАМЕХОҲАМ БА МАДРАСА РАВАМ…
Саида имрӯз аз мадраса дер омад. Падару модар хеле хавотир шуданд, чун бо нафаре фотеҳа шуда буд. Яке ҷониби домод фаҳмад, чӣ мешавад?
Ҳарчанд модар сабаб пурсид, Саида хомӯш буд, ба пурсишҳои модар бо посухҳои “ҳа” ва “не” ҷавоб гуфт. Аз байн чанд рӯз гузашт. Дер омаданҳояш идома ёфтанд. Имшаб наздики соати 9 ба хона омад: рангпарида, парешон, дамдузд. Ва боз суолҳои модар беҷавоб монданд. Қалби падар ноорому андешаҳои мағшуш азияташ медоданд.
Наздики се моҳ буд, ки Дилшод духтарашро барои идомаи таҳсил ва омӯхтани асосҳои дини ислом ба мадраса дода буд. Ба домуллоҳо эътимод карда буд, аммо ин замон рафтори духтараш ба девори бовариҳояш рахна мезаданд. Падар боз модарро назди Саида фиристод.
Модар ин дафъа истодагарӣ кард, сабаб пурсид.
—Ман дигар мадраса намеравам, модарҷон!—баъди пурсишҳои сахти модар ҷавоб дод Саида.
—Чаро духтарам? Баъди андаке “отун” мешавӣ.
—Не, модарҷон! Ман “отун” шудан намехоҳам! Аз домуллоҳо метарсам. Ҳаракатҳои беҷо мекунанд, бахусус домуллои калон ба иззати нафси духтарон мерасад. Чашмонаш бозӣ карда меистанд. Духтаронро дар танҳоӣ то дер нигоҳ медоранд. Боз мегӯянд, барои саёҳат ба шаҳри Хуҷанд мебарам. Охир, мо он ҷо чӣ кор мекунем?
Ҳуш аз сари модар парид, аммо сир бой надод:
—Охир, мо ба домулло бовар дорем. Муносибат хуб буд-ку?
—Не, модарҷон, дар зоҳир чунин аст. Хоҳиш мекунам, маро маҷбур накунед, намехоҳам ба мадраса равам,—илтиҷоомезу бо чашмони пурашк гуфт духтар.
Падару модар маслиҳат карданду духтарро аз мадраса гирифтанд. Ба хотири овоза нашудан ҳатто ба назди домулло нарафтанд.
БАРОИ ЯК ШАБ?
Ифротӣ шудани 80 фисади таҳсилдидагони мадраса магар заминаи асосии пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб нест? Барои як шаб ҳадя шудани духтари маъсум ва тамоми умр азият кашиданаш боиси нигарониву бонги хатар задан нест?
Имрӯз ҷуброни нолаву ашку дилхуниҳои пайвандони 20 нафар раҳгумзадаҳову хатмкардаҳои мадрасаро кӣ медиҳад? Агар мо, волидон,ба хотири овоза нашудан бетарафӣ кунему ба мақомоти масъул муроҷиат нанамоем, ояндаи насли наврас чӣ мешавад?
Бетарафист, ки теша ба решаи насли солиму созанда мезанад, сафи ҷавонони раҳгумзадаро меафзояд ва онҳоро ба чоҳи бетаги ифротгароӣ меафканад, ки аз он роҳи баромаду наҷот нест!
“ТУРФА ШОГИРДЕ…”
Имрӯз ном, фаъолият ва ҳадафи нопоки яке аз “турфа шогирди мадраса” Шавкат Шарипов ба аксари хонандаи ин сатрҳо маълум аст, ва ӯ яке аз шогирдони нахустини ин мадраса аст. Оне, ки шабакаи иҷтимоиро “калтак”-и хеш қарор додааст. Оне, ки пайваставу пайваста камбуди Тоҷикистонро бозгӯ мекунад. Оне, ки модараш дар шароити номусоиде (нахостем ба иззати нафсаш расем) умр ба сар мебарад. Худ шоҳиди он будам, дар чӣ вазъу чӣ шароите зиндагӣ дорад ин модар. Ҳамин гуна инсонҳоянд “дастовард”-и ин мадраса. Агар инсон аз камбуди оилааш ба ҳар нафари ростомада шикоят кард, инсон нест. Аммо агар барои беҳбуди вазъи оилавӣ кӯшише кард, тасмиме гирифт, хуб аст, албатта, агар он тасмим бидуни нолиданҳову ба ҳар касу нокас гуфтани мушкилоти рӯзгораш бошад.
Аммо ин нафар аз минбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳамарӯза аз таҳи нохун ифлосӣ меҷӯяд! Ин як нафари тавлидшуда аз ин мадраса аст. Сафи онҳо кам нест, мутаассифона!
“ИН ХАТОИ МАН?”
Дар суҳбат собиқ имом-хатиби деҳаи Саро Ҷ.Ниёзов, ки тибқи гуфтаҳояш баъди С.Мирахмедов, соли 2017 вазифаи имом-хатибиро ба уҳда гирифтааст, қайд намуд: “Ин хатои ман аст, ки тайи фаъолиятам дар ин масҷид ба таҳхона кам ворид шудам. Дар як кунҷи таҳхона ин китобҳоро ба қуттӣ ҷой карда, болояшро пӯшида мондаанд. Вақте ин китобҳои пинҳон кардашударо дарёфт намуданд, худам ҳам ҳайрон шудам. Ҳамаи қуттиҳо бо қоғази часпак, ба истилоҳ скотч сахт маҳкам карда шуда буданд. Вақте қуттиҳоро кушодем, маълум шуд, ки даруни онҳо китобҳо будаанд. Бояд гуфт, мо китобҳоро баъди аз ташхиси Маркази исломии Тоҷикистон гузаштан истифода мебарем. Вазифаи мо ин аст, нагузорем, китобҳои аз ташхис нагузашта ба дасти хонанда расад. Аксари китобҳои пинҳонкардае, ки дарёфт гардид, аз ташхиси Маркази исломии Тоҷикистон нагузашта аст. Китобҳо ба нашрияҳои давлатҳои Лубнон, Бейрут, Димишқ, Эрон, Қум ва Зоҳидон мутааллиқанд. Китобҳое, ки бо мақсади бор кардани ақоиди хеш ирсол шудаанд. Як китобро кушода дидам, ба сардафтари равияи Салафия Ибни Таимия тааллуқ дорад.”
То кадом андоза рост будани суханҳои собиқ имом-хатиби масҷид барои мо ноаён аст. Аммо вақте дар таҳхонаи муасссисае, ки сарвариашро ба ӯҳда дорад ва имом-хатибии масҷиди деҳаи Сароро (бояд ин ҷо дар назар гирифт, деҳаи осебпазир аст) ба дӯши ӯ гузоштаанд, эҳсоси баландтари масъулиятро дарк менамуд. Вақте дар таҳхонаи масҷид (бигузор як кунҷаш бошад) зери қолину ҷойнамозҳо чизе ҳаст, чӣ гуна метавон бепарво буд? Ӯ метавонист, ба мақомоти дахлдор ин манзараро бозгӯ намояд. Гумон намекунем, собиқ имом-хатиб аз қиссаҳои мадраса ва амалҳои шармовари роҳбари он, ки чанде пеш расонаӣ гардид, бехабар бошад.
АЗ ПАЁМАД…
Бояд зикр намуд, дар ҷараёни омӯзиш устодони мадрасаи мутавассита аз ин китобҳо истифода мекардаанд. Ин боз як роҳи осоне буд, барои ТЭТ ҲНИ, ки барои мағзшӯии шогирдони мадраса истифода барад. Роҳе, ки барои пиёда намудани ғаразҳои нопоки сиёсиашон ва гумроҳ намудани насли наврас осон буд. Ба иборае калтаки дасти худ карда буданд.
—Китобҳои ёфтшуда, масалан, “Достони ростон”, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр шудааст, дар бораи 12 имом ва ҳам паҳн намудани ҳадафҳои шиамазҳабон сухан меравад,—мегӯяд М.Ҷамолиддинов, сархатиби ноҳияи Ашт. —Китоби дигаре, ки ин ҷо ҳаст бо унвони “Бадоеъ-ул-мубтадӣ” аз ҷониби Саидюнуси Истаравшанӣ бо пешниҳоди ҲНИ нашр шудааст, ки ғайримазҳабӣ ҳастанд. Ба мадрасаву масҷидҳо ва ҳатто деҳаҳо паҳн кардаанд. Ин ҳама мағзшӯист!
Ба андешаи сокинон дарёфт гардидани “хазинаи пинҳонкарда” қадами бузургест, ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон, метавон гуфт, мардум ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб. Кӣ медонад, агар ин китобҳо дастрас намешуданд, ба дасти киҳо мерафтанду чанд нафарро гумроҳ месохтанд?
Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки байни китобҳои дарёфтшуда тасвири харитаи ҳудуди Тоҷикистон ва ғасби он тарҳрезӣ шудаву бо аломатҳои махсус роҳҳои ҳамроҳ намудани он ба Эрон бозгӯ шудааст. Ҳатто гузаргоҳу минтақаҳои аз нигоҳи наҳзатиён осебпазирро муайян кардаанд. Ҳамчунин дарёфти варақаҳо, ки алайҳи сохти конститутсионии Тоҷикистон ва барпо намудани давлати исломӣ омода шудаанд, дарёфт гардиданд.
—Якчанд маротиб доир намудани вохӯриҳо аз ҷониби М.Кабирӣ дар мадраса, бахусус дар деҳаи Саро робитаи хуб доштани омӯзгорони мадрасаро бо ҲНИ собит мекунад,—мегӯяд раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Б.Турсунзода. –Имрӯз бо “шарофати” онҳо чандин оилаҳо сарсонанд, дар мусофиратанд.
Мехоҳем ё на, мутолиаи чунин адабиёт таъсири манфии худро ба хонандагонаш мерасонад. Метавон тасаввур кард, агар ин адабиёт дар замони имрӯз, ки ақоиди мухталифу зиддиятҳои бадпаёмад ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба дасти хонанда мерасид, чӣ паёмаде ба бор меовард. Шояд боз чандин нафарон ба доми анкабут меафтоданду пушаймон мешуданд.
ВАҚТ НИШОН МЕДИҲАД!
Барои ба боварии мардум даромадан чӣ кадар зинаҳоро бояд тай карду чӣ қадар санҷишҳоро паси сар намуд. Имрӯз шояд чанде аз сокинони ноҳия, бахусус, деҳаи Саро ба ӯ эътимод доштанд, маслиҳат мепурсиданд, ба чорабиниҳошон даъват мекарданд, мавъизаҳояшро бо камоли майл гӯш медоданд… Аммо гумон аст, баъди ин амалаш, ин ҳама “мартабаву обрӯву эътибораш” дар ҷояш бошад?
Ҷиҳати кушодани симои воқеии С.Мирахмедов метавон аз ҳолу рӯзгори фарзандонаш низ ёдовар шуд: Мирахмедов Аббос, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва нигоҳдории яроқ дастгир ва ба муҳлати 19 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Фарзандони дигараш Масрур ва Шараф, хатмкунандагони мадраса ба Ҷумҳурии Арабистони Саудӣ сафар кардаву ба донишгоҳи “Ал-Мадина-Ал-Мунаввара” дохил шудаанд ва айни ҳол дар рӯйхати толибилмони ғайрирасмии ноҳияи Ашт қарор доранд.
Тибқи маълумоти ҷойдошта ҳанӯз солҳои 1997 С.Мирахмедов бо Тӯраҷонзода вохӯриҳо доир намудаву бегумон барои тарҳрезии амалҳои хоинона фаъолият бурдааст.
Имрӯз кору пайкори ҳамтои маънавиаш—М.Кабириро идома медиҳад: чанд рӯз қабл хоҳараш аз дунё чашм пӯшид ва ӯ дар ҷанозаву маъракаи азодории ӯ ҳузур надорад.
Медонем… дар назари баъзе аз хонандаҳо ин амали С.Мирахмедов ҷузъӣ метобад: шояд нафароне ҳастанд, ки ҷонибдори ин амали ӯ ҳастанд, нафароне ҳастанд, бовар намекунанд, нафароне ҳастанд, дудилаанд… Ва нафароне ҳастанд, ки аз баҳраш баромаданд. Аммо як чиз дақиқ аст: инро вақт нишон медиҳад!
Т.МИСРОБӢ