Боздид аз истироҳатгоҳи деҳаи Бободархон

 1 351 боздид

Имрӯз, 7-уми июн роҳбарияти ноҳияи Ашт бо сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия ташриф оварда, аз истироҳатгоҳи тобистонаи деҳаи Бободархон дидан намуд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз ошхона, майдончаи варзишӣ ва ҷойи хоби истироҳатгоҳ дидан карда гуфт, ки истироҳатгоҳ бояд дорои шароити хуби ҳозиразамон ва диққатҷалбкунанда бошад, то ки толибилмон зимни истироҳат ба худ маълумоти нав гиранд ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Бо идеяҳои нав саҳни истироҳатгоҳи табииро оро дод, зеро табиати зебо диққати инсонро зуд ба худ мекашад.

Тибқи иттилоъи масъулин истироҳатгоҳи деҳаи Бободархон дар як баст 60 нафарро ба истироҳат фаро мегирад. Ҳамасола толибилмон дар ин истироҳатгоҳ дар ду баст ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Масъулин гуфтанд, соли равон бо харҷи зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ ошхона ва ҷойи хоби истироҳатгоҳ аз таъмир бароварда шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.