Боздид аз зироатҳои кишоварзии ноҳия

 837 боздид

Тибқи супориши раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ оид ба санҷиши кишти баҳории пахта ва ҳолати зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ашт, гуруҳи корӣ бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Бобозода Хайрулло ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз заминҳои кишти пахта, боздид ба амал оварданд.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Муҳаммадиев Рафторҷон иттилоъ дод, гуруҳи корӣ аз кишти пахта ва парвариши он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар баробари ин баъзе камбудӣ низ мушоҳида гардид. Гуруҳи корӣ супориш доданд, ки зироатҳои кишоварзии ноҳия аз ҳуҷуми малах ҳифз карда шавад.
Тибқи иттилоъи манбаъ соли ҷорӣ дар ноҳия ба 5350 гектар замин пахта кишт карда шуд, ки ин  нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 550 гектар зиёд мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.