Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт

 672 боздид

11 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод.

Дар ноҳияи Ашт дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун идома дошта, соҳибкорону саховатмандон ва сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни таърихӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.
Махсусан саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал назаррас буда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори шахсони ватандӯст силсилаи иншооти гуногун бунёд карда мешавад.
Яке аз чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ – бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и Ҷамоати деҳоти Понғоз аст, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов бунёд шуда, сохтмони иншоот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Тавре зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, лоиҳаи бино аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ашт таҳия гардида, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 12 млн. сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии иншоот 1442,9 метри мурабаъ буда, бинои таълимӣ аз се ошёна, толори варзишиву утоқҳои фаннӣ иборат мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода аснои шиносоӣ ҷиҳати пурра ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани атрофи бинои таълимӣ, тақвияти корҳои ободонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои иҷрои босифати корҳо тавсияҳои худро ироа намуд.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, тибқи лоиҳа масоҳати умумии майдон 0,93 гектарро ташкил менамояд. Лоиҳаи иншоотро кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ашт омода намуда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Ашти калон”-и ноҳияи Ашт ба зимма доранд.
Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят ҳамзамон аз хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” ва ҶДММ “Моҳии сабр” боздид карда, бо деҳқонону моҳипарварон суҳбат орост ва барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.