Боздиди Раиси ноҳияи Ашт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар деҳаи Кулихоҷа

 702 боздид

Бахшида ба истиқболи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ашт якчанд иншоотҳои замонавӣ ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт бо маром ҷараён дорад.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз рафти корҳои сохтмонӣ дар деҳаи Кулихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон дидан намуд.

Зимни боздиди Раиси ноҳия ба сокинони деҳа ва сохтмончиён иброз дошт, ки имрӯзҳо бо иқдоми неки соҳибкорони маҳаллӣ, дар шаҳрак ва деҳоти ноҳия сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст. Сарҷамъона ва бо дастгирии шумо сокинони маҳаллӣ, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия ҳиссаи худро хоҳем гузошт.

Мавриди зикр аст, ки дар деҳаи Кулихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон, 8 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №29, бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ, барои 150 хонанда, сохтмони хонаи саломатии Кулихоҷа, бо маблағи  124 ҳазор сомонӣ бо 4 ҷойи корӣ ва бинои сартарошхона аз тарфи соҳибкори маҳаллӣ Акбаралӣ Мирзоев, сохта ва ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон беш аз 40 иншоотҳои иҷтимоӣ то ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.