Боздиди роҳбарияти ноҳия аз хоҷагиҳои пахтакор

 462 боздид

Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 26 майи соли равон, Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ҷиҳати огоҳӣ ёфтан аз вазъи нашъунамои пахта ба хоҷагиҳои пахтакори ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Пунук ташриф оварданд.
Зимни боздиди хоҷагиҳои пахтакор роҳбарияти ноҳияро роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардор ва кормандони раёсатҳои кишоварзӣ, омор, кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, бозрасии давлатии техникаи кишоварзӣ, Ашт – кимиё, раисон, кишоварзон ва заминсозони чамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.
Роҳбарияти ноҳия ба масъулин оид ба мубориза бо ҳашароти зараррасон, иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ, додани обу ғизоҳои минералӣ ва култиватсия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия имсол дар майдони 6200 (шаш ҳазору дусад) гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки то санаи 30 майи соли ҷорӣ боздиди роҳбарияти ноҳия аз хоҷагиҳои пахтакори боқимонда ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ дар назар дошта шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.