Бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии ноҳияи Ашт мақсад доранд, то дар ноҳия иншоотҳои ҷашниро бунёд ва мавриди истифодаи мардум қарор диҳанд.
Соҳибкорони маҳаллӣ баъд аз вохӯрӣ бо Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасмим гирифтанд, иқдомҳои неки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, дар ободу зебо гардонидани диёри худ ҳиссаи сазовори худро гузоранд.
Аз ин лиьоз, баробари ифтитоьи иншоотьои жашнц имрӯз дар ноҳия сохтмони боз ду варзишгоҳи хурди футбол оғоз ёфт, ки аз рафти корҳои сохтмонӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дидан намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати хуб ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супориш доданд.
Ду майдончаи хурди футбол, яке дар мавзеи Ровакон ва дигаре дар маркази Ҷамоати шаҳраки Шайдон, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Пайрав Манозимов ва соҳибкори бурунмарзӣ Муродҷон Мамадҷонов бунёд карда мешавад.