Бунёди боз як иншооти нав дар ноҳия

 1 317 боздид

3-юми июн дар ноҳияи Ашт бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Нуъмонзода Темурҷон ва раҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт  иштирок намуданд.

Зимни мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хайрулло Ибодзода иброз дошт: “Бинои мазкур барои боз ҳам дар фазои хуб фаъолият бурдани кормандони ин ниҳод шароити мусоид фароҳам меорад, зеро Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз бахшҳои беҳтарин маҳсуб меёбад”.

Сипас, собиқадори Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Аваз Мирзалиев сухан гуфта, миннатдории худро барои бунёди чунин як бинои замонавӣ ба Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон барои дастгирии пайвастаи МИҲД-и ноҳия ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.

Дар охир раиси ноҳия барои амалӣ гардидани лоиҳаи бинои мазкур ба Ибодзода Хайрулло ва Нуъмонзода Темурҷон, Сипосномаи рамзии МИҲД-и ноҳияро тақдим намуд.

Бинои хуштарҳу замонавии Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо харҷи 460 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 100м2  бунёд гардидааст. Бино дорои маҷлисгоҳ ва 6 ҳуҷраи корӣ мебошад. Лоиҳаи бино аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маблағгузорӣ шудааст.

 
Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.