Тавре иттилоъ дода будем, санаи 17-уми марти соли ҷорӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии ду майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ошобаи Ҷамоати деҳоти Ошоба дидан карда буд.
Имрӯз ин ду майдончаҳои варзишии мазкур бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бунёди майдонҳои варзишӣ, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи варзиш, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси ҷавонону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ин ду майдончаи варзишӣ барои бозии волейбол буда, ба маблағи 7600 (ҳафт ҳазору шашсад) сомонӣ бунёд гардид. Майдончаҳои варзишӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ буда, дарозиашон 18 метр ва барашон 9 метриро ташкил медиҳад.