Бунёди толори варзишӣ дар деҳаи Муломир

 945 боздид

Санаи 12 марти соли ҷорӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, аз рафти корҳои сохтмонии толори варзишӣ, дар назди Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Муломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон дидан намуд.

Толори варзишии мазкур бо дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бунёди майдонҳои варзишӣ, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи варзиш, бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси сокинони маҳаллӣ бунёд мегардад, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.

Тавре ба мо Наврӯз Рустамзода раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон иттилоъ дод,  толори варзишӣ барои бозии волейбол ва футболи хурд буда, барои бунёди ин толори варзишӣ наздик 300 ҳазор сомонӣ масраф мегардад. Толори варзишӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ буда, дарозиаш 30 метр ва бараш 18 метрро ташкил медиҳад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.