ЧАНД ПЕШНИҲОДИ ХОНАНДАГОН БА РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 239 боздид

Хонандагону наврасони пешқадами муассисаҳои таълимии маркази ноҳияи Ашт семинар-тренинг доир намуданд. Мавзӯъ ва мароми асосии он бозгӯи камбудиҳову норасоиҳо дар муасссисаҳои таълимӣ ва пешниҳод намудани андешаҳои наву ҷолиб ҷиҳати пешбурди таълиму тарбия буд. Баъди ҷамъбасти пурсиш ва тренинг чанд пешниҳод рӯйи кор омад. Чун имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон буд, ба ҳам омаданд ва ба Раиси ноҳия Зариф Мирдадо фишурдаи пешниҳоду хулосаҳои худро бозгӯ намуданд.

1.Дастрасӣ ба квотаҳои хориҷӣ. (Супоридани анкетаҳо дар маркази пойтахт ҷараён мегирад, агар имкон шавад,  нуқтаҳои супоридани анкетаҳо дар маркази ноҳия ва ё вилоят таъсис дода шавад).

2.Таъсиси  Маркази забономӯзӣ. ( Имрӯз хонандагони мактаб ба ҷуз забони англисӣ ба дигар забонҳо, чун хитоӣ, кореягӣ, арабӣ ва ғайра майл доранд ва аз сабаби набудани Маркази забономӯзӣ тариқи интернет забон меомӯзанд, ки барои ин на ҳама имкон доранд).

3.Дастрасӣ ба Интернет. (Дар аксари муассисаҳои таълимии ноҳия компютерҳо кӯҳна ва корношоям шудаанд. Ҳамчунин набудани дастрасӣ ба Интернет боиси нигаронии хонандагон аст).

4.Тахтаи электронӣ. (Барои омӯзиши босифат ва ҳамқадами замон будан, ҷолиб ҷараён гирифтани машғулиятҳо муассисаҳои таълимӣ ба тахтаҳои электронӣ ниёз доранд).

5.Таҷҳизот барои дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ. (Мавҷуд набудани таҷҳизот барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ боиси камтаваҷҷуҳии хонандагон ба ин дарс гаштааст).

  1. Ташхиси сифатноки тиббӣ. (Хонандагони аксари муассисаҳои таълимӣ аз ташхисҳое, ки гузаронида мешаванд, нигаронанд. Барои огоҳ будан аз вазъи саломатӣ пешниҳод менамоянд, ташхиси тиббии сифатнок гузаронида шавад).
  2. Идрорпулии Раиси ноҳия. (Чанд моҳ мешавад, хонандагон идрорпулии Раиси ноҳияро нагирифтаанд, масъалаи зерин ба эътибор гирифта шавад).

Раиси ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, амалӣ намудани пешниҳодҳои бозгӯшуда ба масъулин ва дастандаркорон супоришҳои қатъӣ  дод.

То чӣ андоза амалӣ шудани пешниҳодоти хонандагонро дар моҳҳои оянд расонаӣ хоҳем кард.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.