ЧАРО ҶАВОНОН АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ САР МЕПЕЧАНД?

 1 186 боздид

Мавзӯе, ки баррасӣ мешавад, бо эътимод метавон гуфт, ки доғи рӯз аст ва ҳамзамон шарми кас меояд, ин мавзӯро мушкили рӯз бозгӯ намояд.

«Хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмард аст!» Ин ҷумларо дар ҳамаи расонаҳои хабарӣ мехонему мешунавем. Кош ҷойи «қарз»-ро калимаи «орзу» иваз мекарду аз ин бунбасти шармовар раҳо мешудем.

Аммо куҷо? Ҳар вақте мавсими даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мерасад, баробари такопӯйи масъулини комиссариати ҳарбӣ такопӯйи ҷавонони синнашон ба хизмати ҳарбӣ расида низ меафзояд. Гурӯҳе роҳ ҷониби Россия мегиранд, гурӯҳе «сарпаноҳи муваққатӣ» меёбанду то анҷоми мавсим «гуреза» мешаванд. Мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки дар хонаи худ «маҳбас» мегарданд, рӯзҳову ҳафтаҳо ба кӯча намебароянд. Ин ҷо аз бозгӯйи боз чандин рафтору кирдорҳои шармовари чунин ҷавонон худдорӣ намудем, то ба иззати нафсашон нарасем.

ДУ СОЛ БЕҲУДА МЕРАВАД?

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» чанде пеш бо наздики 300 нафар сокинони ноҳия бо суоли «Чаро фарзанди шумо ба хизмати ҳарбӣ намеравад?» пурсиш ба амал оварданд. Инак, фишурдаи ҷавобҳои сокинони ноҳия:

—Аз он ки писарам дар хизмати ҳарбӣ ду соли ҳаёташро беҳуда барбод диҳад, ба Россия раваду фалон ҳазор маблағ ба даст орад, беҳтар нест?

—Писарам ба хизмати ҳарбӣ равад, моро кӣ нигаҳбонӣ мекунад, оиларо кӣ таъмин мекунад?

—Ҳамсояам чанд писар дорад, аммо ягонташ ба хизмат нарафтааст, ман аз ӯ чӣ камӣ дорам?

—Чаро камбағалон дар ҳимояи марзи Ватану фарзандони сарватмандон дар оғӯши падару модар?

—Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар сатҳи зарурӣ нест.

—Агар писаратон ба хизмати ҳарбӣ равад, замини наздиҳавлигӣ медиҳем, бо ҷойи кор таъмин мекунем, гуфтанд. Аммо ваъдаҳо иҷро нашуданд.

Чанд нафар аз пурсидашудагон (нахостанд, ки номашон ифшо шавад) гуфтанд, ки гӯё забони бархе аз духтурон ва бархе аз масъулини комиссариати ҳарбӣ як аст, варақаи саломатии писарбачаҳоро аз синни 12-солагӣ барои нарафтан ба хизмати ҳарбӣ омода мекунанд ва гӯё ба ақидаи онҳо билетҳои харбиро мефурӯшанд. Гуфтанд, ба ин амал хотима дода шавад.

БАР ИВАЗИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ?

Вақте падару модар ду соли хизмати ҳарбии писарро беҳуда паси сар шуд, мегӯянд, вақте бар ивази хизмати Модар-Ватан участкаҳои наздиҳавлигӣ умедвор мешаванд ва ҳатто талаб мекунанд, вақте интизор мешаванд, ки кай писари ҳамсоя ба хизмат меравад, мо чӣ гуна метавонем, ба ватандӯстии бархе аз ҷавонон умед бандем?

Наход бо шартгузориву умеди ҷуброни ду соли умр ба хизмати ҳарбӣ раванд? Наход ду соле, ки фарзандони мову шумо барои Ватан масраф мекунанд, барои хоби бароҳату хотири ҷамъи ҳамзаминон мебахшанд, беҳуда бошад?

Ҳини пурсиш буданд волидоне, ки бо посухи «намедонам» бетарафии худро бозгӯ намуданд.

Магар ин бетарафӣ нисбати осудагии меҳан, ояндаи Ватан нест? Магар ин бетарафӣ теша ба решаи эҳсоси ватандӯстии наврасону ҷавонон  намезанад?

ИБРАТ ГИРЕД!

Имсол низ чун ҳамешагӣ ҷамоати деҳоти Пунук ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пешсаф аст ва ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Ифтихор ва Шодоба ҳамқадами ин ҷамоат маҳсуб меёбанд.

Аммо ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Понғоз, Ашт ва бахусус Шайдонро чӣ шуда, ки аз ақиб ҷойҳои «ифтихорӣ»-ро соҳиб шудаанд. То кай масъулини ин ҷамоатҳои ақибмонда сархаму гапшунав мешаванд? Шояд ҷавонони ин ҷамоатҳо биандешанд, ки аз дигарон чӣ камӣ доранд? Овози виҷдону ғурури ҷавонмардиашонро шунаванд?

Зодаву парвардаи Тоҷикистон, ки ҳастем, бояд барои хизмати ҳарбӣ омода бошем.

Агар не, пас фарзанди ҳамин обу хоки муқаддаси диёр нестем!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.