Дар Ашт коргоҳи дӯзандагӣ таъсис ёфт

 2 075 боздид

Дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт аз тарафи соҳибкор Ашуров Пӯлод коргоҳи нави дузандагӣ ба фаълият оғоз кард. Дар расми ифтитоҳи корхона роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуда, аз фаъолияти минбаъдаи ин сехи дӯзандагӣ ошно гардид.

Зариф Мирдадо иброз дошт, ки мақсади ҳамкорӣ ва дастгирии соҳибкорон пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар мебошад. Дар баробари ин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба занону духтарони хонашин аст.

Арзиши лоиҳавии ин сехи дӯзандагӣ 200 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ду баст 40 нафар занону духтаронро бо кор таъмин менамояд.

Ин коргоҳи дӯзандагӣ минбаъд ба хонандагони мактабҳои миёна либосҳои мактабӣ, либоси ҳарбӣ, либоси табибон ва якчанд намуди дигари либосҳоро истеҳсол менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин сехи дӯзандагии бузург дар ноҳияи Ашт буда, бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.