Ин нукта дар баромади Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, имрӯз, 16 уми августи соли ҷорӣ дар таҷлили Рӯзи табибон, ки дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор гардид, зикр гардид.
Дар таҷлили рӯзи табибон Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, муовини Раиси ноҳия оид ба соҳаи иқтисод, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Сартабиби беморхонаи марказӣ ва менеҷери кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ иштирок доштанд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ зикр дошт, боиси ифтихор аст, ки Иди касбии кормандони тиб ба рӯзи мавлуди бузургтарин симои илму маданияти ҷаҳон – аллома Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, ки мазмуни огоҳӣ аз таърихи ниёгон ва худшиносиро дорад. Бори дигар ишора бар он аст, ки ҳар як корманди соҳаи тиб бояд кӯшиш намояд, то ки вориси сазовори чунин абармарди илми ҷаҳонӣ бошад.
— Бо дастгирии сокинон ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Понғоз ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ сохтмони бинои пурҳашамати беморхони минтақавӣ ба итмом расида истодааст, ки он дар арафаи таҷлили Иди Ваҳдат соли 2019 ба истифода дода мешавад. Дар рӯзҳои ҷашнгирии Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон шуъбаи табобатии бемориҳои асаби ҳамин беморхона ба бинои нав, ки солҳои пеш сохта шуда, истифода бурда намешуд, гузаронида мешавад, ҳоло барои мутобиқ гардонидан корҳои дигаргунсозӣ, сохтмони ошхона, хонаҳои интизорӣ ва нуқтаҳои обу ташноб дар дохили бино оғоз гардидааст.
— Чуноне ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар ноҳия шумораи беморон афзуда, ҳолатҳои фавти модару кӯдак ва баъзе намуди касалиҳо зиёд гардидааст. Дар соли 2018 2 ҳодисаи фавти модар (Ҷамоатҳои деҳоти Ошоба ва Понғоз) ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли 2017 2 нафар зиёд аст. Гарчанде, хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон нисбати солҳои пештара беҳтар бошад ҳам, вале нишондиҳандаи фавти кӯдак дар ноҳия 34 нафарро ташкил дод, ки ин баробари 24,7 промил мебошад. (ин камбудиҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон, деҳоти Понғоз, Ашт, Ошоба ва Меҳробод ҷой доранд.) Чунин ҳолатҳои ногувор тамоми кормандони тибро бояд масъулиятшинос намояд, онҳо бояд андеша намоянд, ки саломатии инсон ба онҳо вогузор гардидааст, барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин камбудиву норасогиҳо тамоми ёриву корҳои профилактикӣ ва табобатӣ бояд равона карда шаванд.
— Ҷамъияти саҳомии кушоди “Кони намак”бо пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои ободониро вусъат бахшида, дар мавзеъи табобатгоҳи “Аксикон” барои қабул ва табобати беморон корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар мавсими соли 2018 барои табобат ба ин табобатгоҳ 2974 нафар шаҳрвандон аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон—181 нафар, Қирғизистон—11 нафар, Қазоқистон—43 нафар, Руссия—3 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон—2736 нафар ширкат намуданд. Барои таъмини шароити хуби табобатӣ корҳои зиёде дар пеш мебошанд. Таклифҳо шуда истодааст, ки барои таъмини беҳтарин хусусиятҳои шифобахшии лойқаи Аксикон дар ин мавзеъ беморхонаи доимоамалкунанда бо ташкили дигар намуд табобатҳои физиотрапевтӣ, ки бо истифодаи лойқа вобастагӣ дорад, бунёд гардад.
Баъдан Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор собиқадорони соҳаи тиб, духтурон ва нафароне, ки дар таъмиру тармими марказҳои саломатӣ саҳм доранд бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт қадрдонӣ кард.
Дар охир аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия баҳри ҳозирин барномаи консертӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Ашт зиёда аз 160 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ба онҳо 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ дар ҷамоатҳо, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 марказҳои саломатӣ ва 35 хонаҳои саломатии деҳотӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар муассисаҳои тиббии ноҳия имрӯз 195 нафар табибон ва 899 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дараҷаи ихтисоснокии табибон 52,1% ва кормандони миёнаи тиб 52,5%-ро ташкил медиҳад. Таъминот ба 10000 нафар аҳолӣ бо табибон ба 7,6 нафар ва бо кормандони миёнаи тиб ба 37,1 нафар баробар аст.
Мавриди зикр аст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба муассисаҳои тиббӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар соли 2018 18млн 202 ҳазор 940 сомонӣ маблағ пешбинӣ намуда, давоми ҳафт моҳи соли равон ба ҳаҷми 9 млн 296 ҳазор 10 сомонӣ маблағ харҷ намуд, ки иҷрои он ба 99,8% баробар аст. Ғайр аз он, бо қарорҳои Раиси ноҳия барои харидорӣ намудани доруворӣ ва лавозимотҳои тиббӣ барои табобати кӯдакон, занҳои нахустҳомила, хуни донорӣ, 27 ҳазор 575 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.