Дар ноҳияи Ашт заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад

 995 боздид

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Ашт корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобидаро дар минтақаи Ҳафттеппаи (Еттитеппа) ноҳия иқдоми нек ва амали хайрхоҳона арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида дар ин мавзеъ шинос шуда, изҳор дошт, ки ин тадбир дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Тибқи нақшаи барқарорсозӣ ва обёрикунии заминҳои мавзеи Ҳафттеппа, ки аз тарафи Ширкати сохтмонии ҶДММ «Рухшона» амалӣ мегардад, дар давраи аввал беш аз 103 гектар ва дар давраи дуюм беш аз 113 гектар замин азхуд карда мешавад. Ба ин мақсад бо насби пойгоҳҳои обкашӣ ба канале, ки 7 ҳазор метр дарозӣ дорад, об интиқол дода шуда, баъди коркард заминҳои ташналаби бекорхобида мавриди кишт қарор хоҳанд гирифт.

Боиси зикр аст, ки заминҳои ин мавзеъ ҳанӯз аз давраи Шӯравӣ бекор хобида, азхудкунии он метавонад ба пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Раиси вилоят бо фотеҳони заминҳои бекорхобида сӯҳбат намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ноҳияи Ашт имкониятҳо барои азхуд намудани заминҳои нав фаровон буда, роҳбарият ва масъулинро зарур аст, ки бо ин мақсад бо баробари андешидани тадбирҳои мушаххасбобати ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.