Дар Шайдон соҳилмустаҳкамкунӣ баргузор шуд

 993 боздид

Бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ҷамоати шаҳраки Шайдон соҳилмустаҳкамкунӣ сурат гирифт.

Дар соҳилмустаҳкамкунӣ сокинони ҷамоат фаъолона ширкат варзида зиёда аз 100 метр селроҳаи хавфнокро безарар гардониданд. Дар ин рӯз баробари мардон занон низ дар соҳилмустаҳкамкунӣ саҳми худро гузоштанд.

Бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ соҳилмустаҳкамкунии селроҳаҳо ва хуб кардани ҳолати роҳҳо ба амал омад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.