Дар ярмарка нархи гӯшт 45-сомонӣ шуд

 81 боздид

Имрӯз бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон дар шаҳраки Шайдон ярмарка фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ баргузор гардид.
Дар ярмарка фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ равған, тухм ва гӯшт ба сокинони ноҳия бо нархҳои арзон пешниҳод карда шуд.
Дар ярмарка фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ҶДММ “Шукронаи Бахмал” 20-сар гӯшти гӯсфандро ба фурӯш гузошт. Дар ярмарка арзиши як кило гӯшти гӯсфанд 45-сомониро ташкил медод.
Ба маркази матбуотии Раиси ноҳияи Ашт хабар доданд, ки дар ярмарка як қуттӣ тухм бо арзиши 18-сомонӣ ва равған бошад бо арзиши 40-сомонӣ фурӯхта шуд.

Соҳибкорон иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштро дастгирӣ намуда гуфтанд, минбаъд низ барои бо нархҳои дастрас фурӯхтани маҳсулоти ниёзи аввали мардум ин иқдомро идома медиҳанд.
Маркази матбуотии Раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.