Дастаи Душанбе-1 ғолиби мусобиқаи бокс

 50 боздид

Дар толори Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт аз  25 то 28 октябр мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 1997-99 баргузор гардид.

Аз Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия хабар доданд, ки дар мусобиқа дастаҳои Душанбе-1,2, Хатлон-1,2, ВМКБ-1,2, як дастаи ноҳияҳои тобеи марказ ва ду дастаи вилояти Суғд байни ҳам рақобат карданд.

Дар ин мусобиқа дастаи Душанбе-1 ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюм ва сеюм насиби дастаи Хатлон-2 ва дастаи вилояти Суғд гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медал ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *