Дастаи футболбозони «Шайдон»-и шаҳраки Шайдон сазовори Ҷоми Раиси ноҳия

 1 517 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 25 январи соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мусобиқаи футбол байни дастаи футболбозони “Шайдон”-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва “Ифтихор”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия баргузор гардид.

Тибқи иттилоъи Ғайрат Нозимов бозии футбол барои дарёти Ҷоми Раиси ноҳия аз 15 январи соли ҷорӣ оғоз гардида то 19 январ идома ёфт, ки дар он 20 дастаи футболбозон аз ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони “Қалам”-и Ҷамоати деҳоти Ориён, ҷойи дуюм насиби дастаи футболбозони “Ифтихор”-и Ҷамоати Ифтихор ва Ҷоми Раиси ноҳия насиби дастаи футболбозони “Шайдон”-и Ҷамотаи шаҳраки Шайдон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.